Рубрики Хабарҳо

Ҳиммати дузд

Дар паи иқдоми “хайрхоҳонаву башардӯстона”-и Рустами Эмомалӣ, ки қисме аз кӯмакҳои Чинро аз номи ширкати хусусиаш ба беморхонаҳо бурда нишон дод, хоҳарбузургаш Озода Раҳмон ҳам дирӯз ҳиммати бузургу волое ба намоиш гузоштааст. 

Ба навиштаи “Ховар” “бо пайравӣ аз хислатҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, яъне падараш, раиси дастгоҳи раисҷумҳур, ҳамсари муовини раиси бонки миллӣ ва молики IRS-у “Спитаменбонк” Озода Раҳмон ба беморхонаи ноҳияи Данғара 100 кати хоб, 100 кӯрпача ва 100 болишти ба қавли “Ховар” пахтагӣ кӯмак кардааст. Шояд таъкиди хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон ба пахтагӣ будани болиштҳо бо ин ҳадаф бошад, ки мардум фикр накунанд он ҳам кӯмаки Чин аст, чун дар Чин болишти пахтагӣ истеҳсол намекунанд.

Ҳамчунин духтари раисҷумҳур қасд дорад, ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ ба ҳамин беморхона доруворӣ тақдим кунад. Хуб, аз таҷрибаи додараш Рустам ва язнааш Шамсуллоҳ мо медонем ин дорувориҳое, ки хонум мехоҳад кӯмак кунад аз куҷо пайдо шудаанд, бинобар ин ба он намепардозем. Ҳамин ҳам, ки қисме аз кӯмакҳои дигаронро аз номи худашон “хайр” мекунанд, хеле кор аст. Метавонистанд ҳамаашро ба фурӯш гузоранд. 

Мо фарз мекунем, ки ҳамон 100 кат, 100 кӯрпача ва 100 болишти ПАХТАГИро Озода Раҳмон аз ҳисоби худаш ба беморхона хайр кардааст. Дар дилхоҳ кишвари мардумсолор ин кор ҳатман як сенсатсия мешуду ҷанҷоли сиёсиеро барпо мекард. Тамоми расонаҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва худи мардум ин суолро матраҳ мекарданд, ки як корманди давлатӣ, ки тиҷорат барояш мамнӯъ аст ва 300 то 500 доллар маош мегирад, ин қадар маблағро аз куҷо пайдо кардааст, ки хайр мекунад. Дарҳол додситонӣ, агентии зидди фасод ва даҳҳо ниҳоди дигар ба по мехостанд то манбаъи ин пулҳоро пайдо кунанд. Аммо инҷо Тоҷикистон аст ва касе ин масъаларо на танҳо намебардорад, балки агар яке суол кард, садҳо нафар, ҳатто бархе зиёиёну рӯзноманигорон посухашон омода аст: ба онҳо Худо додааст.  

Бинобар ин мо масъаларо аз ҷониби дигар баррасӣ мекунем: оё кӯмаки 100 кати хоб дар шароити бӯҳронии соҳаи тандурустии кишвар ва марги ҳаррӯзаи даҳҳо нафар бинобар нарасидани аз ҷумла кати хоб, ба сатҳи Озода Раҳмон рост меояд?

Маблағи ин “кӯмак” аз 5 то 10 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Яъне онро дилхоҳ соҳибкори сатҳи миёна метавонад хайр кунад. Ва карда ҳам истодааст. Барои мисол, тибқи иттилоъи хонандагони Паём, чаҳор соҳибкори истаравшанӣ ба мабалағи 50 ҳазор доллар аз Чин дастгоҳи нафаси сунъӣ харида ба Тоҷикистон фиристодаанд. 

Ҳоло биёед бубинем Озода Раҳмон чун соҳибкор дар кадом сатҳ аст.

Духтари раисҷумҳур ҳамроҳ бо шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев, ғайр аз дуздии маблағҳои буҷа, ки ба садҳо миллион доллар мерасад, чанд “бизнес”-и дигар доранд, ки солона чандсад миллион доллар даромад меорад.

1. IRS

Ин ширкати гӯё хориҷӣ, ки дар ҷазираҳои Вирҷиниё ба қайд гирифта шудааст ва ягона роҳи ҷануб-шимолӣ кишварро пулакӣ кардааст, ба Озодаву Ҷамолиддин дорад. Ин ягона роҳе аст, ки маркази Тоҷикистонро бо рушдкардадатин минтақаи он — шимоли кишвар мепайвандад ва онро раги хунгарди кишвар меноманд. Озодаву шавҳараш ин роҳро на танҳо пулакӣ кардаанд, балки қимати убур аз ин роҳ яке аз гаронтаринҳо дар ҷаҳон аст. Солона ин шоҳроҳ ба зану шавҳар беш аз 100 миллион доллар даромад меорад. IRS аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо озод аст. Ягон маълумоте дар бораи даромаду хароҷоти ин кишвар ва чӣ қадари ин маблағҳоро ба таъмири роҳ сарф кардани он вуҷуд надорад. Аз вазъе, ки ин роҳ қарор дорад, мешавад тахмин зад. ки масраф 2 дарсади даромад ҳам нест.

Ин роҳ санаи 31 марти соли 2010, яъне беш аз даҳ сол қабл пулакӣ карда шуда, ба Озодаву шавҳараш беш аз 1 миллиард доллар даромад овардааст. Тибқи иттилоъи манобеъи Паём тамоми ин пулҳо ба ҳисобҳои офшории ин оила фиристода мешаванд. 

2. Шиносномаи хориҷиву дохилӣ

Даромад аз гаронтарин шиноснома дар ҷаҳон ҳам ба кисаи Озода Раҳмон меравад. Шиносномаи хориҷӣ вобаста аз мӯҳлати гирифтанаш аз 75 то 225 доллар барои болиғон ва аз 25 то 75 доллар барои ноболиғон қимат дорад. То имрӯз ҳудуди 4 миллион шиноснома барои болиғон ва 2 миллион шиноснома барои ноболиғон содир шудааст. Қимати миёнаи онро агар мутаносибан 130 ва 50 доллар гирем, аз ин ҳисоб Озода Раҳмон беш аз 600 миллион доллар даромади соф гирифтааст. Ягон ниҳод то ҳол барои як доллари ин пулҳо аз Озода Раҳмон ва давлати Тоҷикистон ҳисобот напурсидааст. 

3. “Спитаменбонк”

Ин бонк, ки Озодаву Ҷамолиддин таъаллуқ дорад, на танҳо барои пулшӯии онҳо ва фиристодани маблағҳои аз даҳҳо бизнес бадастовардаашон ба хориҷ кӯмак мекунад, балки худаш ҳам ба яке аз сердаромадтарин бонкҳои кишвар табдил шудааст. Ин бонк соли 2008 ба ҳайси як ташкилоти қарзии хурд таъсис ёфта, ба воситаи пулҳое, ки Нуралиев аз Вазорати молия мегирифту дар он барои гардиш мегузошт сармояи оинномавии худро ба маротиб бештар гардонд ва соли 2014 ба бонк табдил шуд. Даромади он бо кӯмаки давлат, ки бахши молиявиаш дар дасти худи Нуралиев аст, сол то сол бештар мешавад. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, соли гузашта ин бонк беш аз 140 миллион доллар фоида овардааст. Дар умум “Спитаменбонк” ба моликонаш дар шаш сол нам кам аз ним миллиард доллар даромад додааст. 

4. Бонки Миллӣ

Ин муассисаи давлатиро шавҳари Озода Раҳмон ба бизнеси шахсиаш табдил додааст. Қаблан ӯ Вазорати молияро чун манбаъи даромади худу ҳамсараш истифода мекард, аммо чун дид, ки имкониятҳо дар бонки Миллӣ бештаранд, ба онҷо гузашт.  Даҳҳо роҳи гирифтани даромад тавассути бонки марказии кишвар вуҷуд дорад, ки Нуралиев ҳамаи онро бо муваффақият ва пуррӯии тамом истифода мебарад. Аксари вақт “бизнес-амалиёт”-ҳоро зану шавҳар якҷоя анҷом медиҳанд ва гоҳо аз кӯмаки падар-пешво ҳам истифода мекунанд. 

Дар бораи роҳҳои даромади ин оила аз Бонки Миллӣ дар мақолаи алоҳидае хоҳем пардохт. Ҳоло танҳо як мисол меорем: Вақте соли 2016 ду бонки бузурги кишвар “Агроинветсбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” муфлис шуданд (албатта бо кӯмаки Нуралиев), Вазорати молия ва Бонки миллӣ ба маблағи 4 миллиард сомонӣ пул нашр карда онро ба ин ду бонк чун кӯмаки давлатӣ доданд. Ва ин боис шуд қурби сомонӣ дар оғози соли 2017 аз 7.87 сомонӣ барои як доллар ба 8.87 сомонӣ поён равад. Аммо ин кӯмак билоиваз набуд. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, моликони ҳардуи ин бонк 25% ин кӯмаки гирифтаашонро дар шакли ришва ба Озодаву Ҷамолиддин баргардонданд. Яъне зану шавҳар танҳо дар ҳамин як “амалиёт” як миллиард сомонӣ ё 120 миллион доллар даромад гирифтанд. 

5. Дастгоҳи раисҷумҳур

Ин, ҳарчанд дар назари аввал сода менамояд, шояд ҳоло бузургтарин манбаъи даромади Озода бошад. Тамоми мансабҳо, нақшаву пружаҳои давлатӣ, қарору имзоҳо ва ғайра дар ҳаминҷо ба савдо мераванд, ки ҳаҷмашро ҳатто тасаввур кардан имкон надорад. Дар ин бора ҳам дар мақолаи алоҳидаи батафсил хоҳем пардохт…

Ончи номбар шуд, танҳо бузургтарин “бизнес”-ҳои Озодаву шавҳараш буданд. Дар умум ин оила бо истифода аз мансабҳои худ ва Эмомалӣ Раҳмон миллиардҳо доллари кишвару мардумро азхуд кардаанд. Тахмин меравад боигарии ин оилачаи узви Оилаи бузурги Раҳмон болиғ аз 5 миллиард доллар бошад… 

 Муқоисае, ки дар аввал Озодаро бо чаҳор соҳибкори истаравшанӣ кардем, аслан таҳқир ба ин соҳибкорон аст ва мо расман аз онҳо узр мепурсем. Чун онҳо ин пулҳоро бо арақи ҷабин ва роҳи ҳалол ба даст овардаанд, аммо Озода тамоми дороияшро аз кисаи 9 миллион мардуми кишвар дуздидааст. 

Ҳоло ин дузд “ҳиммат” кардаву аз 5 миллиарди дуздидааш 5 ҳазор, яъне 0.0001%-ашро ба ҳамин мардуми ғораткардааш, ки имрӯз аз марг мисли тут рехтан дорад “кӯмак” кардааст. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *