Дафтари намояндагии Созмони милал дар Ироқ эълом кард, аз аввали октябри гузашта то кунун ҳадди ақал 467 тан аз мӯътаризони давлати ин кишвар кушта шудаанд.
Дафтари намояндагии Созмони милал дар Ироқ тайи баёнияе эълом кард аз аввали октябри гузашта то кунун ҳадди ақал 467 тан аз мӯътаризони зидди давлатӣ дар ин кишвар кушта ва беш аз 9 ҳазор нафар дигар захмӣ шудаанд.
Дар ин баёния ҳамчунин омада омадааст:
“Қатли ҷавонон ва хунрезӣ, ки тақрибан рӯзона сурат мегирад, ғайри қобили таҳаммул аст. Бештари қурбониён бар асари истифодаи гулӯлаи воқеӣ ҷон бохтаанд”.
Ҷенейн Ҳенис Плосхорт, намояндаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар Ироқ низ гуфтааст: давлат аз ҷони мӯътаризон ҳифозат кунад ва омилони куштори онҳо бояд ба дасти адолат супурда шаванд”.
Гуфтанист ироқиҳо аз аввали октябри 2019 ба муддати як ҳафта дар эътироз ба фасод, бекорӣ ва камбуди хадамоти умумӣ дар Бағдод ва шаҳрҳои ҷанубии ин кишвар даст ба тазоҳурот заданд. Мавҷи дувуми тазоҳуроти зидди давлатӣ дар манотиқи мухталифи Ироқ низ аз 25-уми ҳамон моҳ оғоз шуд.
Нерӯҳои амниятии Ироқ дар бархӯрд бо мӯътаризон аз гулӯлаҳои ҷангӣ ва гази ашковар истифода мекунанд. Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири ин кишвар ба далели тазоҳуроти густурдаи зидди давлатӣ дар 29 ноябри 2019 аз симмати худ истеъфо кард.
Бар асоси гузориши Созмони афви байналмилал ва изҳороти ахири Барҳом Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ, то кунун беш аз 600 нафар дар эътирозоти ин кишвар кушта шудаанд.