Рубрики Хабарҳо

Ҳамлаи Русия ба Киев ва Одесса бо 28 паҳподи «Шоҳид»-и эронӣ

Артиш Укроин мегӯяд дар соатҳои аввали рӯзи сешанбе, 11 июл, Русия ҳамлаи ҳавоии ҷадидеро бо паҳподҳои эронӣ ба Киев ва Одесса анҷом додааст. Ин ҳамла дуруст чанд соат пеш аз оғози нишасти сарони НАТО дар Литва, ки қарор аст барои муқобила бо таҳдидоти амниятии Маскав баргузор шавад, сурат мегирад. 

Сергей Попако, раиси идораи низомии шаҳри Киев дар каналтелеграми худ бо эъломи ин матлаб ҳамчунин таъкид кард, ки ин дувумин бор аст, ки дар моҳи ҷорӣ душман ҳамалоти ҳавоиро ба пойтахт тартиб медиҳад. Бар асоси гуфтаи мақомҳои укроинӣ, 26 паҳподи шоҳиди сохти Эрон, ки аз сӯи Русия партоб шуда, тавассути сомонаи дифоъи Укроин сарнагун шудааст. 

Ӯ ҳамчунин дар идома афзуд: “бар асоси иттилооти аввалия, сомонаҳои падофанди ҳавоии Укроин тамоми паҳподҳои шоҳиди сохти Эронро, ки Русия партоб карда буд, қабл аз расидан ба аҳдоф худ сарнагун карданд. Ҳанӯз иттилоот ва ҷузъиёте дар хусуси хисорот ва талафоти эҳтимолӣ дар даст нест.” 

Ба гуфтаи нерӯи ҳавоии Укроин, ҳушдорҳои ҳамлаи ҳавоӣ ба муддати як соат бар фарози Киев ва муддате тӯлонитар дар соири манотиқи шарқи Укроин ба садо даромадааст. 

Русия дар ин рӯз бо 28 паҳподи интиҳории сохти Эрон, илова бар Киев, пойтахт, шаҳри бандарии Одесса дар ҷануби Укроинро низ ҳадаф гирифт. 

Нерӯи ҳавоии Укроин эълом кард 26 фарванд аз паҳподҳои интиҳории Шоҳидро сарнагун кардааст. 22 фарванд аз ин теъдоди паҳпод бар фарози Одесса мунҳадим шуданд. Ду паҳподи дигар ба сохтимони идорӣ дар ин шаҳр исобат карданд. 

Хабаргузории Рейтерз гузориш дода, ки садоҳои инфиҷоре дар Киев шунида шуда, ки шабеҳи садои системҳои падофанди ҳавоӣ буда, ки дар ҳоли раҳгирии аҳдофе дар тӯли ҳамалоти ҳавоӣ будаанд. 

Нишасти сарони НАТО дар Вилнюси Литва, ки аз имрӯз сешанбе оғоз шуд, бисёр дар сояи ҳамалоти Русия ба Укроин қарор дорад ва ин масъала ба авлавияти аслии раҳбарони ин паймони низомӣ табдил шудааст. 

Кишварҳои узв қарор аст дар ин нишаст тозатарин идеяҳо ва барномаҳо барои муқобила бо таҳдидоти Русия ва ҳамчунин кумак ба Укроин барои дифоъ дар муқобили Русияро баррасӣ кунанд ва ба баҳс бигузоранд. 

Укроин хостори узвият дар паймони НАТО аст ва ин мавзӯъ ҳам эҳтимолан дар дастури кори раҳбарон дар ин нишаст қарор мегирад. Ҳарчанд каме дур аз интизор ба назар мерасад, ки ин иттифоқ дасти кам дар ин нишаст рух диҳад. 

Дар муқобил Русия, НАТО ва Амрикоро ба далели ҳимояти онҳо аз Укроин мавриди интиқод қарор дода ва ҳушдор дода узвияти Киев дар НАТО бо вокуниши қотеъи Маскав рӯ ба рӯ хоҳад шуд. 

Таҳоҷуми Русия ба ҳамсояи худ, ки акнун беш аз 500 рӯз аз шурӯъи он мегузарад ҳазорон кушта ва миллионҳо овора бар ҷой гузошта ва шуморе аз шаҳрҳои шарқу ҷануби Укроинро ба тали вайрона бадал аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *