Рубрики Хабарҳо

ҲАЛИМА ЯЪҚУБ

Сиёсатмадори сингопурӣ, аввалин зан дар курсии президентии Сингопур, шурӯъ аз 14-уми сентябри соли 2017 адои вазифа мекунад. 

Дар таърихи 23-юми августи соли 1954 дар шаҳри Квинстити кишвари Сингопур ба дунё омад. Модараш Маймуна аз қабилаи Малай  ва падараш Абдуллоҳ аз мусалмонони Ҳиндустон буда, як посбони оддӣ буд. Дар мактаби духтаронаи Таҷонг Катонг таҳсил карда ва сипас донишгоҳи миллии Сингопурро хатм намудааст. Соли 2001, Ҳалима Яъқуб аз Донишгоҳи Миллии Сингапур дараҷаи магистр оид ба ҳуқуқ гирифтааст ва пас аз 15 сол доктори фахрӣ дар ҳамон ихтисос мебошад. Дипломати муваффақу моҳир низ ҳаст.  Аз соли 1980 оиладор бо марде яманист  ва соҳиби 5 нафар фарзанд аст. Дар манзиле дар маҳаллаи Йишун зиндагӣ мекунад ва айни ҳол шавҳараш бознишаста, яъне дар нафақа аст. 

Ҳалима Яъқуб  ҷавонтарин узви хонаводаи 7 нафарае аз нажоди молойзӣ аз Сингапур, ки падарашро дар 8-солагӣ аз даст дод ва пас аз 10-солагӣ бо ҳамроҳии модараш, ки соҳиби як мағозаи маводи хӯрока буд, корҳои ҳамчун шӯстан, тамйиз кардан, пок кардани мизҳо ва ба муштариён хидмат мекард.

Ҳалима Яъқуб донишомухтаи риштаи ҳуқуқ аз донишгоҳи Сингапур аст, ки фаъолияти кории худро аз соли 1978 дар Кунграи миллии иттиҳодияи тиҷорат оғоз кард ва дар соли 2001 вориди арсаи сиёсат шуд ва ба унвони намоянда ба парлумон роҳ ёфт.  Вай 10 сол баъд ба вазорати тавсеаи ҷавомеъ, варзиш ва ҷавонон даст ёфт ва дар соли  2013 низ ба унвони раиси парлумон баргузида шуд.

Аммо акнун раисҷумҳури Сингопур аст.  Қабл  аз президент шудан, Ҳалима аввалин зане дар парлумон дар таърихи кишвараш буд. 

Духтари фақиру ятиме, ки раисҷумҳур шуд. Хеле гарон аст, ки аз як хонаводаи фақир, бидуни як пуштибонии насабӣ ва сиёсӣ бошӣ ва битавонӣ ба болотарин мансаби сиёсӣ, яъне ба раёсатҷумҳурӣ бирасӣ. Коре, ки зани мусалмони сингопурӣ кардааст, зиндагии тамоми мардуми Сингопурро, таҳти таъсири мусбат қарор додааст. Ҳалима Яъқуб раисҷумҳури мусалмони Сингопур касе аст, ки вақте дар маҳзари  қудрат қарор гирифт, фасод дар Сингопурро ба сифр расонд. Албатта, ки қабл аз ӯ табаддулоте дар ин кишвар бархоста буду раисҷумҳури қабли Ли Куан Ю дар барканор кардани фасод пойдеворе ҳам гузошта буд. Тамоми молиётро аз маҳсулоти Сингопур ҳазф кард. Ӯ сатҳи бекориро дар кишвараш ба як дарсад расонид. Тавре, ки сатҳи даромади кишвари Сингопур дар замони ӯ ду трилион  доллар афзоиш ёфт. 

Даромади шаҳрванди Сингопур дар як сол ба 85 ҳазор доллар афзоиш ёфт ва эътибори кишварашро чунон боло бурд, ки шиносномаи Сингопур арзишмандтарин гузарнома дар ҷаҳон шуд. Хонуми Сингопур наздик ба даҳ ҳазор пружаи бисёр бузургро ба анҷом расонид. Ҳалима Яъқуб раисҷумҳури таъсиргузори Сингопур мегӯяд: “Хатарноктарин фард барои як ҷомеа ва як кишвар касе ҳаст, ки бихоҳад мудомулумр (доими) дар қудрат боқӣ бимонад. Ӯ ватанфурӯш ва хоинтарин фард  ҳаст, чаро ки бо иҷоза надодан ба қудрат расидани дигарон фурсати хидмати нухбагон ва афкори тоза ва пешрафтро аз он ҷомеа ва кишвар мегирад. Ман Ҳалима Яъқуб, бандае аз бандагони Худо ҳастам ва аз Худо метарсам. Ҳар касе мехоҳад бо ман барои мардуми Сингопур кор кунад, ман ба хотири Худо хоҳари ӯ ҳастам. Тасмим ва ғами ман боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандони Сингапур аст.  

Сингопур ҳамакнун қавитарин шиносномаи дунёро дорад. Яке аз 10 кишвар бо поинтарин нархи молиёт (андоз) дар ҷаҳон аст. Сатҳи бекорӣ дар Сингопур дар давраи раёсати ӯ ба сатҳи поинтарин расид. Ҳалима Яъқуб ҳам зан аст, ҳам мусалмон ва муҳаҷҷаба.

Ин ҳам азаммати Ислом аст, ки онҳо мутаҳаввил шудаанд. 

Корҳое, ки як муслимазани дар сари қудрат тавонистааст анҷом диҳад:  Сингопур аз лиҳози иқтисодӣ дар радаи 10 кишвари беҳтари ҷаҳон ҳаст, даромади солонааш ба 2 триллион доллар расидааст.
Даромади солонаи ҳар як шаҳрванди кишвар то 85 ҳазор доллар расидааст.,
Шиносномаи Сингапурӣ дар дунё пурбаҳотарин шиноснома аст.
Сатҳи бекорӣ баробари як фоиз гардидааст
Фасод батамом решакаш гашта, порахӯронро ба ҳабси абад муҷозо мекунанд.
Корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ дар Сингопур аз супоридани ҳама намуд андоз  сабукдӯшанд.  

Сабаби маҳз ин зани муслимаро интихоб карданамон дар он аст, ки иддае бар мағз кор надоранду либоси зоҳирро баҳо медиҳанд ва сотираҳоро аз қишри ақабмондаи ҷомеа мепиндоранд. Барои далел ба ҳамин пиндори пуриштибоҳашон гуфтанием, ки Ҳалима Яъқуб ҳар намози бомдодонро  бо ҳамроҳи бонувон дар масҷид мегузорад. Баъди намоз мушкилоти фуқароро гӯш меандозад, сипас озими идораи ҳукумат мегардад, то донад, ки кор аз куҷо бояд шурӯъ гирад. Яъне бар ин ҳама қарор ҳиҷоби ӯ наметавонад монеа бошад. Занони мусулмон ҳазору 400 сол аст, ки ба сабаби риояи сатр аз фаҳш ва бешармӣ дур гаштаанд ва намояндагони динҳои дигар ва ҳатто бединҳо низ ба сатр ва иффати зани мусулмон ҳасад меварзиданд. 

Ин зан агарчанде дар баландтарин зинаи мансабии кишвараш қарор дорад, хеле оддиву хоксору фурӯтан аст. Касе наздаш мадҳия намехонад, таъзим намекунад, ё адибони дарбораш бар  паёмбариҳо баробар намекунанд. Ҳамин қадаре, ки дар эҳтиромаш қоиланд ва самимона дӯсташ медоранд. 

Ҳамин ҷо бобати чаҳор зани муҳаҷҷабаи  дигар, ки дар радифи  Ҳалима Яъқуб соҳибунвонанд зикр карданиам. 

Долия Могаҳет зодаи Миср, бонуи муҳаҷҷабаест, ки тӯли якчанд сол   мушовири Президенти ИМА Барак Обама оид ба масъалаҳои ислом ва ворисони он буд. Қаблан, дар  Кохи Сафед, Могаҳед  Маркази таҳқиқоти мусалмонии Донишкадаи машҳури Gallup роҳбарӣ мекард. Президент ва Директори генералии Mogahed Consulting, як ширкати машваратии мусалмонон дар кишварҳои мусулмонӣ, ҷамоаҳо ва Шарқи Наздик низ ҳаст. Дар ҳамкорӣ бо донишманди маъруфи ислом Ҷон Эспозито, ки мушовири Билл Клинтон дар аввали солҳои 90-ум буд,  китоби «Кӣ аз номи Ислом сухан мегӯяд?”-ро навиштааст. Даллия Могаҳед низ  ба рӯйхати  бонуфузтарин занони мусалмон дар ҷаҳон шомил карда шудааст.
Шамма бинти Сухайл Фарис ал-Мазруи ҷавонтарин узви ҳукумат дар ҷаҳон аст. Дар  22-солагиаш, соли 2016 вазири кор бо  ҷавонони Аморати Муттаҳидаи Араб таъин карда шуд. Ин духтар ҳатто ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шуд. Муслима  соли 2015 Донишгоҳи Оксфордро бо дараҷаи магистр дар соҳаи сиёсати давлатӣ хатм кардааст; Вай инчунин дараҷаи бакалаврӣ дар соҳаи иқтисодиёти Донишгоҳи Ню Йорк дар Абу-Дабиро дорост. Портфолио Шамма таҷрибаи кориро дар яке аз фондҳои мустақили арабии «Equity Private» дар дафтари Сарвазири АМА ва инчунин дар сохторҳои СММ дар бар мегирад. Ғайр аз ин, як зани ҷавони мусалмон барои сафорати Аморати Муттаҳида дар Вашингтон таҳқиқоти таҳлилӣ анҷом додааст. 

Надия Ҳусейн низ қаҳрамонзани муслимаест, ки соҳиби се фарзанд аст ва ғолиби намоишгоҳи машҳуртарини пухтупаз гардида буд. Ин пазандаи хеле машҳурро  ба рӯйхати 500 шахси бонуфузи кишвар дохил кардаанд. Шабакаи Би-би-сӣ як филми мустанадро ба ӯ бахшидааст. Боре, Надия ҳатто дар зодрӯзи  малика Элизабет торт пухтааст. Албатта чеҳраи ин зани муҳаҷҷаба , ки пайваста тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизиони Бритониё, чун ғолиби озмуни бузургтарини пазандагӣ намоиш дода шуд, душманони динро ором нагузошта буд. Онҳо мепиндоштанд, ки Надия Ҳусейн бозии сиёсӣ мебарад ва ҳиҷобаш аз рӯйи ғаразҳои шахсии ӯст. Надя Ҳусейн дар ҷавоб ба онҳо бо қатъият гуфт: «Ман бо ҳиҷобам чизе талаб намекунам. Ман онро дар синни 14-солагӣ ба бар кардам ва ҳоло, дар синни 33-солагӣ, ӯ ҳамон тавр ҳукми имонам боқӣ мемонад. Дар ҳиҷоб ман худро итминон ва зебо ҳис мекунам ».  

Бонуе дигар бо номи Бурчин Мутлу-Пакдил як намуди дигари галлактикаро  кашф кардааст. Ҳанӯздар айёми мактабхониаш Бурчин қарор карда буд, ки умрашро сарфи улуми физика ва астрономия мекунад. Ҳоло вай ходими илмии Обсерваторияи Донишгоҳи Аризона мебошад. Галактикаи наве, ки  кашф кардааст, ба номи худи зани муслима — «Галчини Бурчин» номгузорӣ шудааст. 

Ҳиҷоб ба ягоне аз ин муслимаҳо  дар роҳи забти қуллаҳои баланди улуму фарҳангу касбу сиёсат монеъ нашудааст.   

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *