Бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писарбузурги раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, қарор аст рӯзи 16-уми ноябр дар Душанбе ҳамоишҳое зери унвони “Эмомалӣ Раҳмон — Президенти сулҳовар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон” баргузор шавад.
Ҳоло баргузории ҳамоиш дар ситоиши раисҷумҳур кори наве нест ва ингуна ҳамоишҳо арзиши онро надоранд, ки дар бораашон ҳатто ҳарфе навишта шаванд. Вале ин дафъа дар тамаллуқу дурӯғбофӣ ва таҳрифи таърих аз ҳар ҳади мавҷуде гузаштанд ва хомӯшӣ ҳам дар баробари ин гуна амалкардҳо гуноҳ аст.
Албатта хомӯшии мардум, ба хусус фаъолони сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо ва зиёиён буд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон ин ҷуръатро дод то аввал худро оварандаи сулҳ, кам-кам асосгузори сулҳу ваҳдат, сипас пешвои миллат ва инак асосгузори давлати миллии тоҷикон(!) эълон кунад. Хомӯшии оварандагони аслии сулҳ аз ҳарду тараф, ки воқеъан барои овардани сулҳ на танҳо ҳади аксари кӯшишро карданд, балки қурбониҳои зиёде ҳам доданд боис шуд ин мард ба дурӯғҳои бофтаи худашу лаганбардоронаш бовар кунад, ки ӯ воқеъан ба мардум сулҳ овардааст ва бояд асосгузори сулҳу ваҳдат хонда шавад. Дар ҳоле, ки тамоми шоҳидони он ҷанги хонумонсӯз ва сулҳи деринтизор, ки ба қимати ҷони 120 000 нафар ва 7 миллиард доллар зарари иқтисодӣ тамом шуд бар инанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов на танҳо ҳаргиз хоҳони сулҳ набуд, балки бузургтарин саҳмро дар баландтар шудани шӯълаи ҷанги дохилӣ доштааст. То охирин лаҳза ӯ бар идомаи ҷанг пофишорӣ мекард ва танҳо фишори кишварҳои саҳим дар сулҳ, бахусус Русия боис шуд, ки ин “асосгузори сулҳу ваҳдат” ба сулҳ розӣ шавад.
Ҳоло шоҳидони дохили он ҷанг, ки хушбахтона ҳанӯз зиндаанд ва мақолаву рисолаву китобҳое, ки то ҳаде воқеъбинона дар мавзӯъи ҷангу сулҳи тоҷикон навишта шудаанд канор гузорем. Танҳо факту рақам ва нақлу далелҳое, ки ҷенеролҳои рус — ширкаткунандаи ҷангу музокироти байнитоҷикӣ ва ҳомиёни аслии режими Раҳмонов навиштаанд кофист бидонем, ки ин мард чӣ саҳме дар ҷанг ва чӣ “саҳм”-е дар сулҳ доштааст.
Замоне ки худро ягона сулҳовар дар кишвар хонд, ё бо амри ӯ хондандаш, ҳеҷ касе — на мухолифин, на зиёиёну таърихнигорон ва на фаъолони сиёсӣ ҳеҷ эътирозе накард. Шояд ба хотири халалдор насохтани раванди сулҳ, шояд рӯихотирбинӣ карданд. Шояд фикр карданд, ки вақте ин ҳама далелҳои таърихӣ ва шоҳидони зинда мавҷуданд, ба ҳарфи ин кӣ бовар мекунад? Гузашта аз ин, гурӯҳе аз зиёиёну таърихнигорон ва ҳатто ширкаткунандагони музокироти сулҳ ба хотири дарёфти мансабу мақоме ё ҳадяи ночизе на танҳо ин таҳрифсозиҳои таърихро қабул карданд, балки дар ташвиқи он саҳим шуданд. Дар хабаре ҳам, ки оиди ҳамоиши мазкур омадааст, гуфта мешавад “дар ин ҳамоиш аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон, нақши ӯ дар сулҳу субот дар кишвар таъкид мешавад ва донишмандон назди ҷавонон аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ шахсияти президенти кишварро шарҳ медиҳанд”.
Вале ин хомӯшиҳо ва таҳрифҳои тими раисҷумҳур боис шуданд на танҳо насли ҷавон ва мардуми бехабар аз ҳақиқат, ҳатто бештари шоҳидони зинда ба ин сафсатаҳо бовар кунанд. Ё ҳадди ақал чунин вонамуд кунанд, ки бовар кардаанд. Ин боваркарданҳову вонамудкуниҳо боис шуданд Раҳмонов ҷуръати бештар касб ва худро пешвои миллат эълон кунад. Инак унвони “Пешвои миллат” ҳам барояш кифоят накард ва тасмим гирифтааст худро асосгузори давлати миллии тоҷикон эълон кунад. Ва ҳар касе алайҳи ин унвонкасбкуниҳо камтарин эътирозе мекунад, хоин ва душмани миллат эълон мешавад.
Онҳое, ки барои озодиву истиқлол ва давлати миллӣ мубориза бурданду ҷоннисорӣ карданд ё кушта шудаанд ва ё аз тамоми маҳфилҳову сафҳаҳо ронда шудаанд, аммо нафаре, ки зери парчами сурхи коммунистҳо алайҳи истиқлолу истиқлолхоҳон меҷангид ва танҳо аз ноилоҷӣ истиқлолу бунёди давлати миллиро қабул кард, мехоҳад худро муборизи озодӣ ва асосгузори давлати миллӣ эълон кунад.
Ин таҳрифи бузургро ҳам миллат таҳаммул хоҳад кард?