Комиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон эълон кард Эмомалӣ Раҳмон бо ба даст овардани 90.92 дар сади раъйи мардум дар интихоботи рӯзи 11-уми октябр пирӯз шуд. Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода имрӯз дар нишасти хабарияш даъво кард, ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 3 миллиону 837 ҳазор нафар раъй додаанд.
Қаблан раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ гуфта буд дар интихобот «пешво» ва президент бо ҳам рақобат мекунанд. Барои он ки «пешво» пирӯз шавад, бояд на камтар аз 90% раъй оварад.
Аммо байни чаҳор номзади дигар, ки дар интихобот ширкат доштанд, Рустам Латифзода аз бештар аз рақибони дигараш овоз гирифтааст. Ба тарафдории номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам 127 ҳазору 746 нафар ё худ 3,03%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Раҳматзода Рустам 90 ҳазору 587 нафар ё худ 2,15%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ 49 ҳазору 212 нафар ё худ 1,17%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода 62 ҳазору 853 нафар ё худ 1,49, ба тарафдории номзад аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар ё худ 90,92% овоз додаанд.
Дар нишасти хабарӣ Худоёрзода таъкид кард, ки дар интихобот аз қонуншинканӣ ё тақаллуб касе шикоят накардааст.
Дар Тоҷикистон интихоботи Президентӣ дар ҳафт сол як маротиба доир мешавад. Як нафар дар ҳолати пирӯз шудан ҳақ дорад, маротибаи дувум низ ҳамчун номзад дар интихобот иштирок кунад. Бар асоси тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид карда шуд, Эмомалӣ Раҳмон унвони “Пешвои миллат”-ро гирифт ва ҳақ дорад, бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ ширкат кунад.