Рубрики Хабарҳо

Дар Мусобиқаи Бокс дар Тайланд варзишгарони тоҷик ду медал ба даст оварданд

Варзишгарони риштаи бокси Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2018, ки дар шаҳри Бангкоки Тайланд шуда гузашт,  ду медал ба даст оварданд.

Идимоҳ Холова, дар мусобиқаи бокси занона, дар вазни 64 кг медали нуқра ва Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов дар вазни 75 кг миёни мардон  медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ин мусобиқа аз 21 то 27 апрел сурат гирифт ва иштироккунандагони мусобиқа аз рӯи 10 вазн миёни писарон ва 10 вазн миёни духтарон  рақобат карданд.

3 варзишагри дигари тоҷик, ки дар ин мусобиқа иштирок карданд, натавонистанд ҷоиза ба даст оваранд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *