Рио-Новости, хабаргузории давлатии Русия рӯзи панҷшанбе (14 сенябр) гузориш дод, ки Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон дар нишасти формати Маскав дар Қазон ширкат хоҳад кард.
Ин нишаст имрӯз, ҷумъа (15 сентябр) бо ҳузури намояндагони 10 кишвар дар Русия баргузор мешавад.
Қарор аст дар ин нишаст намояндагони Русия, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҳузур дошта бошанд.
Толибон то кунун дар мавриди ҳузури худ дар ин нишаст изҳори назар накардааст. Аммо манобее аз ин гурӯҳ ба хабаргузории Рио-Новости таъид кардаанд, ки Амирхон Муттақӣ дар нишасти имрӯз ҳузур хоҳад дошт.
Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе (13 сентябр) дар як конфронси матбуотӣ гуфт, ки дар нишасти формати Маскав дар бораи вазъияти кунунии Афғонистон, оштӣ байни афғонҳо, амнияти минтақа ва бозсозии Афғонистон пас аз ҷанг гуфтугӯ мешавад.
Ба гуфтаи хонум Захарова, ширкаткунандагон пас аз табодули назар дар мавриди Афғонистон, баёнияи муштарак содир хоҳанд кард.
Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон пештар гуфта буд, ки мавзӯъи ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон дар дастури кори ин нишаст аст. Ба гуфтаи Кобулов, то кунун ҳеҷ пешрафте дар мавриди ташкили чунин ҳукумате ба даст наомадааст.
Андирей Руднико, муовини вазорати хориҷаи Русия ҳам гуфта бояд фаҳмид ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба вижа ширкаткунандагони нишасти Қазон чӣ коре метавонанд барои беҳбуди вазъияти Афғонистон анҷом диҳанд.
Формати Маскав соли 2017 бо ҳадафи ҳали муноқишоти Афғонистон ташкил шуд. Нишасти имр=за дар Қазон панҷумин давр аз гуфтгуҳои формати Маскав аст. Толибон дар нишасти қаблӣ даъват нашуда буданд.