Гурӯҳе аз пайвандони зиндониёни сиёсӣ, ки гурӯҳи махсуси фейсбукӣ ҳам , барои кӯмак ба хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ дархости кӯмак кардаанд.
Дар муроҷиъати ин гурӯҳ ба ҳамватанон гуфта мешавад, ки гурӯҳ тасмим гирифтааст дар Иди Қурбон ба хонаводаҳо ва худи зиндониёни сиёсӣ кӯмаки молӣ ҷамъоварӣ кунад ва суратҳисоб боз кардааст.
Матни муроҷиъати пайвандони зиндониёни сиёсӣ ба шакли зер аст:
Мо пайвандони зиндониёни сиёсии Тоҷикистон тасмим гирифтем, ки дар Иди сайиди Қурбон барои зиндониён кӯмаки молӣ намоем. Дар ин хусус аз Шумо ҳамватанони гиромӣ хоҳиш мекунем, барои ин кори хайр моро дастгирӣ намоед.
Ба ҳамагон маълум аст, ки наздиконамон дар зиндон пайваста ба кӯмак ниёз доранд. Ва мо пайвандони зиндониёни сиёсӣ, то имрӯз ба қадри тавон онро анҷом додем. Ахиран бо дастгирии ҳамватанононамон дар хориҷи кишвар дар моҳи мубораки Рамазон бо ҷамъоварии Фитри рӯза ба зиндониёни сиёсӣ кӯмак намудем.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳониёнро пандемияи Covid-19 фарогир аст ва ба вазъи иқтисодии ҳамагон таъсири худро гузошта аст. Ба ин хотир аз Шумо хоҳиш ва умедворем, моро дар ин вазъияти душвор барои ин кори хайр танҳо намегузоред.
Дар зер суратҳисоби бонкӣ ва рақами телефон замима шудааст.
Рақами телефон: +48 514 24 34 22
Раками корти бонкӣ:
5352 3051 4001 1384
Суратҳисоби бонк: 66 1240 6117 1111 0010 8682 6197
Бо арзи сипос, Пайвандони зиндонёни сиёсӣ Тоҷикистон