Халифа Ҳафтар, ки барои музокира дар бораи барқарории оташбас ба Москва сафар карда буд, бидуни имзои қарордоди оташбас Русияро тарк кардааст. Бино ба гузоришҳо давлати расмии Либия барои имзои қарордод омодагӣ дорад.
Халифа Ҳафтар, генерали бознишастаи артиши Либия, пойтахти Русияро бидуни имзои қарордоди оташбас тарк кардааст.
Шомгоҳи душанбе 13 январ Сергий Лавров, вазири хориҷаи Русия, ба хабарнигорон гуфт, ки намояндаи давлати қонунии Либия қарордоди оташбасро имзо карда, аммо генерали Ҳафтар ҳозир ба имзои паймони оташбас нашуда ва гуфтааст, ки ба вақти бештаре барои тааммул ниёзманд аст.
Давлати расмии Либия ба риёсати Файз ас-Сироҷ, аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ ба расмият шинохта шуда, аммо шӯришиёни низомӣ ба раҳбарии генерали бознишаста Ҳафтар бо он дар набард ҳастанд ва аз чанд моҳ пеш мекӯшанд бар Траблус мусаллат шаванд.
Русия мекӯшад миёни давлат ва мухолифони он миёнҷигарӣ кунад то бо имзои қарордоди оташбас аз даргириҳои бештар худдорӣ кунанд.
Нерӯҳои генерал Ҳафтар, ки мавриди ҳимояти Миср ва Русия аст, аз чанд моҳи пеш ба сӯи Траблус пешравӣ мекунанд то ҳукумати Сироҷро, ки аз сӯи Туркия ҳимоят мешавад, соқит кунанд.
Гуфтугӯҳои оташбас нимашаби якшанбе шурӯъ шуд, аммо ҳар тараф дигареро ба нақзи мавозини гуфтугӯ муттаҳам мекунад.
Бино ба гузориши Рейтерз, ба гуфтаи нерӯҳои пуштибони Ҳафтар, аз он ҷо, ки ӯ худро дар остонаи пирӯзӣ мебинад, ҳозир нест бо давлати марказии Либия қарордоди оташбас имзо кунад.
Охирин пирӯзии нерӯҳои Ҳафтар, ки бештар дар шарқи Либия мутамаркиз ҳастанд, тасаллут бар шаҳри стратегии Сирт буд.
Либия аз замони суқути давлати диктатории Муъаммар Қаззофӣ дастхуши ошӯб ва нооромӣ буда ва дар он ҷанги дохилӣ даргирифтааст, ки ба қатли ҳазорон нафар ва оворагии садҳо ҳазор нафар мунҷар шудааст.