Раисҷумҳури Туркия таъкид кард, ки агар ҳамалоти нерӯҳои Ҳафтар дар Либия идома ёбад, Анқара ба он посух хоҳад дод.
Раҷаб Тайииб Урдуғон раисҷумҳури Туркия дар нишасти гурӯҳи Ҳизби адолат ва тавсеа дар Маҷлиси кабири Туркия дар иртибот бо таҳаввулоти ахир дар Либия ва талош барои барқарории оташбас байни давлати вифоқи миллӣ ва нерӯҳои Ҳафтар дар музокироти Маскав, пойтахти Русия гуфт: Мо бар сари қавли худамон дар ин замина истодаем, аммо мутаъсифона Ҳафтари кудатогар дар мизи музокира низ бо тавассул ба макру ҳила тавофуқномаи оташбасро имзо накарда ва Маскавро тарк ва аз он ҷо фирор кард. Дар сурати идомаи ҳамалоти Ҳафтар ба бародарони либиёӣ ва давлати машрӯъи ин кишвар, посухи муносибро хоҳем дод.
Раисҷумҳури Туркия гуфт: Ҳафтари кудатогар бо шуруте, ки матраҳ карда қасд ва чеҳраи аслии худро намоён кард. Рӯзи якшанбе масъалаи Либияро дар сатҳи раҳбарон дар Берлин баррасӣ мекунем.
Урдуғон таъкид кард: Мо дар Сурия, Либия ва баҳри Миёназамин ба думболи моҷароҷӯйи нестем. Ба думболи империализм ба ҳеҷ унвон нестем. Чашмҳоямон бо тамаъи ба даст овардани пули бештар ва чоҳҳои нафт низ кӯр нашудааст. Танҳо ҳадафи мо дифоъ аз ҳуқуқ ва ояндаи худамон ва бародаронамон аст.
Раисҷумҳури Туркия изҳор дошт: Оташбаси ҷадиде дар Идлиб оғоз шудааст, умедворам пойдор бошад. Агар лозим бошад, барои муқобила бо коршикании режими Сурия дар оташбаси Идлиб мусаммам ҳастем