Раисҷумҳури Укроин аз таҳримҳои ҷадид Ғарб алайҳи Русия истиқбол кард аммо онҳоро нокофӣ донист. Ў мегӯяд ин таҳримҳо ба назар чашмгир ва коромад мерасанд аммо бо фоҷеаъҳое, ки ҷаҳониён дар Буча шоҳиди он ҳастанд таносубе надоранд.
Кишварҳои ғарбӣ талош мекунанд бо иқдомҳои танбеҳӣ ва ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодии нав Русияро аз ташдиди ҷанги таҷовузкорона ба Укроин боздоранд.
Ба гузориши “Шпигел онлайн” раисҷумҳури Укроин шаби панҷшанбе, ҳафтуми апрел дар як паёми видеоӣ, ки дар шабакаи телеграмм мунташир шуд аз таҳримҳои ҷадид алайҳи Маскав истиқбол кард.
Владимир Зеленский дар айни ҳол гуфт ин иқдомҳои танбеҳӣ кофӣ ба назар намерасанд ва наметавон онҳоро мутаносиб бо он чи ҷаҳон дар Буча шоҳиди он буд арзёбӣ кард.
Буча яке аз шаҳрҳои ҳавмаи Киев аст, ки пас аз ақибнишинии нерӯҳои русӣ, гузоришҳо ва тасвирҳои дилхароше аз куштор ва шиканҷаи ғайринизомиён дар он мунташир шуд.
Зеленский дар паёми видеоии худ ҳамчунин ба идомаи даргириҳои хушунатомез дар бандари муҳосирашудаи Мариупол ва шаҳри Харков ишора кард ва нисбат ба ҳамлаи қарибулвуқуъи нерӯҳои русӣ ба минтақаи Донбас ҳушдор дод.
Раисҷумҳури Укроин бори дигар хостори таҳрими ҳамаҷонибаи воридоти энерҷӣ аз Русия ва қатъи комили иртиботи низоми бонкии ин кишвар бо муассисаҳо ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ шуд.
“Таҳримҳои дардовар” алайҳи Маскав
Владимир Зеленский таъкид кард агар як “баста таҳрими воқеан дардовар” алайҳи Русия ҷорӣ нашуд ва ҷангафрӯзҳои мавриди дархости Киев дар ихтиёри Укроин қарор нагирад, Маскав онро ба маънои иҷозаи идомаи таҷовуз талаққӣ хоҳад кард.
Зеленский дар бахше аз паёми худ ба забони русӣ шаҳрвандони Русияро фаро хонд хостори поён гирифтани ҳамлаи низомӣ ба Укроин шаванд.
Ӯ афзуд касоне, ки имрӯз дар Русия хостори хотимаи ҷанг ва ақибнишинии нерӯҳои русӣ аз Укроин намешванд ояндае нахоҳанд дошт.
Раисҷумҳури Укроин ба шаҳрвандони русӣ тавсия кард, беҳтар аст имрӯз азхудгузаштагӣ нишон диҳанд ва муқобили “мошини саркӯб” Русия биистанд то ин ки ҳамаи умр бо нозиҳои Олмон муқоиса шаванд. Ишораи ӯ ба иттиҳоми иртикоби ҷинояти ҷангӣ ва наслкушӣ алайҳи нерӯҳои русӣ дар ҳавмаи Киев аст.
Кишварҳои ғарбӣ бо ирсоли силоҳ ба Укроин ва эъмоли таҳрим алайҳи Русия аз Киев пуштибонӣ мекунанд аммо бо мудохилаи мустақими низомӣ, аз ҷумла аз тариқи нерӯҳои паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) дар ҷанги Укроин мухолифанд.
Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар тозатарин иқдом алайҳи Маскав чанд бонки дигар аз ҷумла “Сбербанк”-и Русияро таҳрим кард. Гуфта мешавад ин бонк ҳудуди як севуми дороиҳои низоми бонкӣ ва молии Русияро дар ихтиёр дорад.
Таҳримҳои ҷадиди Амрико шомили бархе мақомҳои аршади русӣ ва бастагони онҳо низ мешавад. Ду духтари Владимир Путин ва ҳамсару духтари вазири хориҷаи Русия, Сергей Лавров аз ҷумлаи афроди таҳримшудаи ҷадид ҳастанд.