Рубрики Хабарҳо

Нишасти Гурӯҳи 7. Раисҷумҳури Амрико хостори сулҳи одилона дар Укроин шуд

Дар поёни нишасти Гурӯҳи 7 муташаккил аз кишварҳои саноъатии ҷаҳон дар Хиросимаи Ҷопон, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, дар як конфронси хабарӣ ширкат кард ва ба савоҳоти хабарнигорон дар мавриди Укроин, равобит бо Чин ва баҳси сақфи қарзҳои ин кишвар сӯҳбат кард. 

Байден дар ин конфронси хабарӣ аз идомаи “тааҳҳуди муштарак ва тазалзулнопазирии Гурӯҳи 7  барои истодан дар канори мардуми шуҷоъи Укроин” сухан гуфт. 

Ӯ гуфт, ки хостори сулҳи одилона аст, ки ба ҳокимият ва тамомияти арзии Укроин эҳтиром бигузорад. Байден гуфт: “Русия ин ҷангро оғоз кард ва имрӯз метавонад ба он поён диҳад.” 

Раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида таъкид кард, ки ӯ ва дигар аъзои Гурӯҳи ҳафт ва муттаҳидонаш ба Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, итминон додаанд, ки Ғарб дар ҳимоят аз Укроин” “тазалзул нахоҳад кард”. 

Ӯ гуфт: “Путин азми моро суст нахоҳад кард.” 

Раҳбарони Фаронса ва Бритониё ҳангоми муаррифии тарҳи сармоягузории ҷаҳонӣ ҳузур надоштанд вале кишварҳои онҳо ҳам дар ин тарҳ мушорикат доранд. 

Ҷангандаҳои F-16 

Дар конфронси хабарии Ҷо Байден, хабарнигоре аз ӯ пурсид, ки чи гуна метавонад мутмаин бошад, ки иҷозаи Иёлоти муттаҳида ба кишварҳои аврупоӣ барои додани ҷангандаҳои F-16 ба Укроин, боиси ташдиди ҷанг нахоҳад шуд. 

Ӯ дар посух гуфт, ки Зеленский ба ӯ “итминони қатъӣ” додааст, ки аз ҷангандаҳои F-16  барои ҳамла ба қаламрави ҷуғрофии Русия истифода намешавад. 

Байден ҳамчунин аз талоши муштараки Амрико бо кишварҳои муттаҳидаш барои омӯзиши халабонҳои укроинӣ ба манзури истифода аз ҳавопаймоҳои ҷангандаи насли чаҳорум монанди F-16  сӯҳбат кардааст. 

Дифоъ аз Тайван 

Раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар ин конфронси хабарӣ ҳамчунин дар мавриди идомаи ҳимоят ин кишвар аз Тайван сухан гуфт. 

Ӯ гуфт, ки Иёлоти муттаҳида ба қарор додани Тайван “дар мавқеияте, ки битавонад аз худ дифоъ кунад” идома хоҳад дод. 

Ӯ гуфт “дарки равшане” дар миёни Амрико ва муттаҳидонаш вуҷуд дорад, ки агар Чин ба таври якҷониба дар мавриди Тайван иқдом кунад, он иқдом бидуни посух нахоҳад монд. 

Бо ин ҳол, ӯ гуфт, ки фикр намекунад тасаввури “иҷтинобнопазир” дар бораи вуқӯъи даргирӣ вуҷуд дошта бошад. 

Байден ҳамчунин бар тасмими муштараки кишварҳои Гурӯҳи 7 барои “рискзудоӣ” аз равобити ин кишварҳо бо давлати Пекин таъкид кард. 

Ӯ ба хабарнигорон гуфт: “мо ба думболи ҷудоӣ нестем, мо ба думболи ҳазфи риск ва танаввӯъ ҳастем.” 

Баҳси қарзҳои Амрико 

Раисҷумҳури Амрико дар оғози конфронси хабарии имрӯзи худ ба саволе дар мавриди ихтилофи назари Кохи Сафед бо ҷумҳурихоҳон дар Кунгира бар сари сақфи вомҳои Амрико посух дод. 

Ӯ гуфт, ки пешниҳодеро ироа мекунад, ки тақрибан як триллион доллар илова бар беш аз тақрибан се триллион долларе, ки қаблан пешниҳод шуда буд, сарфаҷӯӣ мекунад. 

Ӯ гуфт, ки замони он фаро расидааст, ки “тарафи муқобил низ (барои рафъи ихтилофот) ҳаракате бикунад.” 

Ӯ афзуд, ки бисёре аз он чи мухолифонаш гуфтаанд “ба содагӣ ғайри қобили қабул” аст. 

Кохи Сафед ва музокиракунандагони ҷумҳурихоҳ саргарми музокироте бар рӯйи сақфи қарзҳии давлатии Амрико ҳастанд. 

Таваққуфи кӯтоҳи ин музокирот ба далели ихтилофи назарҳои шадид дар рӯзи ҷумъа боиси талотум дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд. 

Ҷумҳурихоҳон Кохи Сафедро ба дархостҳои “ғайримантиқӣ” муттаҳам карданд. 

Кевин Маккарти, раиси Маҷлиси намояндагон рӯзи ҷумъа ҳушдор дода буд, ки «”гар онҳо …фикр кунанд, ки мо дар соли оянда пули бештаре нисбат ба имсол харҷ хоҳем кард, ин дуруст нест ва ин иттифоқ нахоҳад афтод.” 

Бидуни тавофуқ бар сари сақфи вомҳо, Иёлоти муттаҳида метавонад қарзи 31.4 триллион долларии худро дефолт кунад. 

Ин бад-он маъност, ки давлат наметавонд пули бештаре қарз кунад ё тамоми векселҳои худро бипардозад. 

Вазорати ҳазинадории Амрико ҳушдор додааст, ки дефолт мумкин аст аз аввали июн оғоз шавад. 

Аммо раисҷумҳури Амрико имрӯз дар конфронси хабарии худ дар Хиросима ба хабарнигорон гуфт, ки адами пардохти қарзҳои Амрико як гузина нест, аммо ӯ дар айни ҳол тамоюле ба коҳиши ҳазинаҳо сарфан бар асоси шартҳои ҷумҳурихоҳон надорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *