Рубрики Хабарҳо

Вазорати меҳнат ҳам даъво дорад муҳоҷират рӯ ба коҳиш аст

Мақомоти Тоҷикистон даъво доранд, ки тайи 10 соли ахир шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз Точикистон ба кишварҳои хориҷӣ 60 дарсад коҳиш ёфтааст

Ин даъворо, ки қаблан раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон карда буд, Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш такрор кард ва гуфт, шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ дар қиёс бо соли 2010 дар соли 2019 60 дарсад коҳиш ёфтааст.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон ҳамин даъворо кардаву гуфта буд шумори муҳоҷирон аз 1,2 миллион ба 480 ҳазор коҳиш ёфтааст. Аммо сафири Русия дар Тоҷикистон аз ҳузури 1,2 миллион муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар хабар дод.

Дар ҳамин ҳол оморе, ки Маҳмадуллозода пешниҳод кард, бозгӯӣ аз афзоиши муҳоҷирини меҳнатӣ дар соли 2019 дар қиёс бо соли 2018 мекунанд. Бино ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия 518 ҳазору 066,  ба Қазоқистон 9 ҳазору 771 ва дигар кишварҳо рафтаанд. Дар умум аз Тоҷикистон 530 ҳазору 883 нафар , аз ҷумла 453 ҳазору 870 нафар мард ва 77 ҳазору 13 нафар зан дар соли 2019 рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Муовини вазир гуфт, рафти муҳоҷирини меҳнатӣ ба хориҷа дар қиёс бо соли 2018 62 ҳазору 680 нафар, ё 13% зиёд шудааст.

Аммо Маҳмадуллоҳзода, бозгашти бештари муҳоҷирон дар соли 2019-ро ба камшавии шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ нисбат медиҳад.

“Соли 2019 аз муҳоҷирати меҳнатӣ 419 ҳазору 150 нафар, ба шумули 75 ҳазору 148 нафар зан, ба ватан баргаштаанд, ки ин 4 дар сад дар қиёс бо соли 2018 зиёдтар аст. Ин нишон медиҳад, ки раванди муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар хусусияти мавсимӣ ва бозгашт дошта, омили муҳими нигаҳдории тавозуни демографӣ ва вазъи иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад”.

Ин гуфтаҳои вазир дар ҳолест, ки айни ҳол зиёда аз ним миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиби шиносномаи Русия шудаанд ва ин раванд рӯз ба рӯз дар ҳоли афзудан аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *