Зоиршо Файзуллоев, муовини сардори Хадамоти бехатарии қатораҳо дар минтақаи Хатлон зимни нишасти матбуотӣ аз нархи эҳтимолии роҳкирои қаторҳои хатсайри Душанбе-Волгоград хабар дод ва гуфт, фурӯши чиптаҳо рӯзҳои наздик оғоз мешавад.
“Мувофиқи ҳисоби пешакӣ, нархи чиптаи хатсайри Душанбе-Волгоград 1400-1500 пешбинӣ шудааст. Агар чипта пештар аз як моҳ харидорӣ шавад, то 200-300 сомонӣ арзон меафтад”- гуфт ин масъули роҳи оҳани Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон.
Номбурда ҳамчунин илова кард, ки кушодашавии хатсайрҳои дигари қаторҳои мусофирбарӣ низ дар назар аст. Ӯ аз роҳандозии хатсайри мушаххас дар ин маврид ном набурд.
Ёдовар мешавем, ҳаракати дубораи қатораҳои мусофирбарӣ баъди беш аз ду соли таваққуф байни ду кишвар рӯзи 30 августи соли 2022 шурӯъ мешавад.