Рубрики Хабарҳо

“Офтоби бахти тоҷикон”. Тамаллуқномаи Камол Насрулло ба Эмомалӣ Раҳмон

Камол Насрулло, шоири шинохтаи тоҷик ва барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ ба муносибати солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар васфи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки 25 сол қабл дар он иҷлосия ба раёсати ҷумҳурӣ расид, тамаллуқномае навишта, ӯро “офтоби бахти тоҷикон” номидааст, ки “аз зулматсаро дурахшон бурун омад то ба мо рӯшноӣ орад”.

Ин шоири тоҷик гуфтааст ба гумонаш ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Эмомалӣ Раҳмон бо дасти Худованд анҷом шудааст: Як ҷавонмарде хушсимо бо либоси рӯшан, бо чеҳраи рӯшан, бо андешаҳои рӯшан ва ҳадафи рӯшан аз ҷо боло шуду бо ҳаяҷон ва изтироб, бо эътимоду бовар сухан ронд ва арзи дилу армон намуд. Акнун, имрӯз ҳар нигоҳ, ҳар ҳаракат, ҳар суханаш рамзу маънову тобишҳои муҷалло пайдо кардаанд. Воқеан, ба гумони банда,  ин коре буд, ки бо дасти тақдир, бо дасти Худованд ба амал бароварда шуд. Дасти нонамое, ки аз он боло ба сӯи миллати мо дароз шуду ин амалро ба ҷо овард, гумон мекунам, дасти наҷоти миллати мо, дасти Худои муттаол буд.

Камол Насрулло бо сабки мадҳсароёни қадим ба саҳна омадани Эмомалӣ Раҳмоновро чунин васф кардааст: Мисли ин ки Қасри Арбоб чун кафи дастони Додор буду ӯ рӯи ин каф. Қомати Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Иҷлосия қомате буд  муҷалло бархоста аз амвоҷи қурун, аз  оғӯши таърихи мубҳаму торик, ки  аз он зулматсаро дурахшон бурун омад, то ба мо рӯшноӣ орад. Мисли ин ки ҳама равшаниҳои дилҳо, ҳама равшаниҳои чашмони мардуми умедвори мо аз тӯли таърих ба ҳам омадаву дар ӯ ҷилвагар шуданд. Мисли ин ки бо ӯ ҳама қаҳрамонони гузаштаи миллати мо бархостанд: Испитамони ватанхоҳ,   Шераки далер, Деваштичи шуҷоъ,  Сарбадорони ҷоннисор,  Абӯмуслиму Муқаннаъу Темурмалик ва  Восеъи диловар-  ҳама бо ӯ бархостанд, яъне рӯҳашон бо ӯ буд, то дар ин лаҳзаи тақдирсоз  миллати ҷабрдидаи худро аз коми нестӣ, аз хатари маҳв шудан раҳоӣ бахшанд.

Шоири шинохтаи тоҷик савгандеро ҳам, ки Раҳмонов дар он иҷлосия ёд карда буд, сутудааст: Савганде, ки дар радифи дуои неки пирон аст. Савганде, ки бо дарки масъулият дар назди нону намаки халқ аст. Савганди рӯида аз файзи обу хоки муқаддаси Ватан. Номи Худо ба ин савганд ҷилои қудсӣ дод. Шири модар ба ин савганд сафедӣ бахшид. Дуои пирон болу пари ин савганд гардид. Нону намаки халқ неруи бегазанди  он шуд. Обу хоки  Ватан ин савгандро муқаддас гардонид.

Пас аз сутудани парчамбӯсии Эмомалӣ Раҳмонов, ки ба эътиқоди Насрулло “шӯҳрату эътибори оламгир пайдо кардааст”, “хидматҳояш”, ки тавассути он миллати тоҷик “таҳти сарварии Пешвои муаззами худ дар арсаҳои ҷаҳонӣ пирӯзу сарафроз, соҳиби номи неку нуфузу обрӯи оламшумул гардад” ва ваъдаи сулҳоварияш, ки “имрӯз ҳам Пешвои миллати мо аз сари қуллаҳои баланд Боми ҷаҳон, аз сари минбарҳои баланди сиёсии олам ҳамеша пайку паёми сулҳ меорад ва  нидои  пур аз масъулият ва хайрхоҳонаи ӯ  ҳанӯз ҳам дар замину замон танинандоз аст”, шоири тоқик ин ваъдаи Раҳмоновро оламшумул сохтааст: Ва мо мебинем, ки имрӯз ҳам паёми сулҳу дӯстии Пешвои миллати мо дар ҳолаи накҳати обҳои тозаи Тоҷикистон, бо ҳама шаффофии ташнагишикани  обҳои зулол, рӯдҳову чашмасори шодоби кишварамон, бо лафзи биҳиштии тоҷикии ӯ, бо ниҳоди ҳамшабеҳи обшори поки кишвараш ба дилҳо ва ҷонҳои ташнаи мардуми олам мерезад, сафои сулҳу дӯстӣ ва бародариву хайрхоҳӣ меорад.

Чанде қабл дар Душанбешаҳр нишастҳое таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон, асосгузори давлати миллии тоҷикон” баргузор шуда буд, ки зоҳиран мақомот мехоҳанд ба раисҷумҳур унвони нав ҳадя кунанд. Ин тамаллуқномаи Камол Насрулло ҳам ба гуфтаи коршиносон, барои тақвияти он тасмими мақомот навишта шудааст.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *