Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи эҳёи муносибатҳо ва пешгирии низоъ гуфтугӯ карданд

Дар мулоқоте, ки рӯзи 14 июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои эҳёи муносибатҳои дӯстона ибрози омодагӣ кардаанд.

Дар ин вохӯрӣ як протокол ҳам имзо шудааст, аммо тафсилоте аз он дода намешавад. Ду соли охир мақомоти ду кишвар аз бештари созишномаву протоколҳои имзошаванда ҷомеъаро огоҳ намесозанд.

Тибқи эъломияи расмӣ, ки мақомот нашр кардаанд, ду тараф дар бораи пешгирӣ аз истифодаи силоҳ дар сарҳад истифодаи якҷоя аз об ва мавзуъҳои дигар гуфтугӯ кардаанд.

Дар вохӯрии зикршуда раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон, фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар намояндагони расмӣ ширкат карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *