Асъор ва иқтисод 27.10.2020
Нархи асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ
Дар Тоҷикистон тайи ҳафтаҳои ахир афзоиши ҳама асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли баландшавист
Қурби пули миллии тоҷикӣ — сомонӣ дар пасманзари болоравии қурби асъори хориҷӣ коҳиш ёфта истодааст.
Танҳо доллари амрикоӣ дар тӯли ҳафтаи гузашта ва ду рузи ҳафтаи ҷорӣ чанд зина боло рафт.
Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз 27 октябр, қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 10 сомониву 33 дирам то 10 сомониву 34 дирам арзёбӣ мешавад.
Дар тӯли ду ҳафта ба доллар муяссар шуд, ки аз 10 сомониву 32 дирам то 10 сомониву 34 дирам боло равад.
Асъори аврупоӣ низ ҳамарӯза дар баробари сомонӣ боло меравад.
Бар пояи нишондоди Бонки миллӣ имрӯз як евро баробари 12 сомониву 22 дирам арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта евро 12 сомониву 13 дирамро ташкил медод.
Рубли русӣ низ пас аз коҳишёбии шадид, дубора дорад боло меравад.
100 рубли русӣ дар овезаи Бонки миллӣ барои имрӯз 13 сомониву 49 дирам ва дар бозори нақд бошад то 13 сомониву 80 дирам нишон дода шудааст.
Сар аз аввали моҳ рубл наздики панҷ сомонӣ боло рафтааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан коршиносони БМТ бо ишора ба пешгӯии расмии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар дар чор соли оянда гуфтанд, ки дар ин давра коҳиши солонаи сомонӣ 3 дар сад пешбинӣ шудааст.
*********
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1900 доллару 80 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба дирӯз 39 сент қимматтар аст.
********
Нархи фурӯши нафти хом дар биржаҳои муҳими ҷаҳонӣ
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 41 доллару 08 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 38 доллару 85 сент муомила шуд.
********
Хазинаи байнулмилалии асъор дар гузориши нави худ навиштааст, ки аз ҳама қашшоқтарин ва камбизоаттарин дар байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил сокинони Тоҷикистон мебошанд.
Тибқи ҳаҷми даромади солона ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 833 доллар баробар аст..
Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 1147 доллар буда 1,4 баробар зиёд нисбат ба Тоҷикистон аст. Дар Ӯзбекистон ҳаҷми даромади солонаи як нафар бо ҳисоби миёна ду баробари Тоҷикистон 1762 доллар аст. Дар Қазоқистон — 8781 доллар 10 баробар зиёд аз даромади сокинони Тоҷикистон аст. ташкил медиҳад.
Даромади аз ҳама баландтарин дар паҳнои пасошӯравӣ дар кишварҳои Соҳили Балтик ба қайд гирифта шудааст: Эстония — наздики 23 ҳазор доллар, Литва — зиёда аз 19,8 ҳазор ва Латвия — беш аз 17,2 ҳазор доллар.
Ин нишондиҳанда дар Русия ба 9972 доллар, Беларус — 6133, Арманистон — 4314, Молдова — 4267, Озарбойҷон — 4124 ва Украина — 3491 доллар баробар мебошад.
Тибқи маълумоти охири Хазинаи байнулмилалии асъор, танҳо дар 4 кишвари ҷаҳон даромад ба сари аҳолӣ беш аз 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад: Қатар — 139 ҳазор, Макао — 113 ҳазор, Люксембург — 112 ҳазор ва Сингапур — 105 ҳазор доллар.
Даромади аз ҳама пасттарин ба ҳар сари аҳолӣ дар 3 кишвари африқоӣ сабт шудааст: Конго — 661 доллар, Бурунди — 630 ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ — 368 доллар.
Ёдрас мекунем, ки соли 2019 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 77,3 млрд сомонӣ муодили 7,9 млрд доллар бо қурби аввали солро ташкил дод, ки ба ҳудуди 840 доллар ба ҳар сари аҳолии кишвар мутобиқ аст.
Аввали соли 2020 шумори аҳолии Тоҷикистон андаке бештар аз 9 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил дода буд.
Дар ҳамин ҳол, дар гузориши моҳи октябр нашршудаи Хазинаи байнулмилалии асъор “Дурнамои рушди иқисоди ҷаҳон” сустшавии афзоиши иқтисоди Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои соли ҷорӣ аз 7,5 дар сади соли пешин то ба 1 дар сад пешгӯйӣ мешавад.
Коршиносони Хазина бар ин назаранд, ки афзоиши сатҳи иқтисод соли 2021 каме барқарор шуда, то ба 6 дар сад мерасад.
Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши иқтисодро соли 2020 дар сатҳи 7,9 дар сад, яъне афзоиши ҳаҷми ММД то 87,4 млрд сомонӣ интизорӣ дошт.
**********
Радиои Озодӣ менависад, дар ҳоле ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз афзоиши истихроҷи ангишт хабар медиҳад, болоравии қимати ин навъи сӯзишворӣ сокинонро нигарон кардааст. Ба иллати пандемия ва баста будани роҳҳо, даромади хонаводаҳо кам шуда, омодагии онҳоро ба фасли сармо бо мушкил рӯ ба рӯ мекунад.
Бино ба гуфти сокинон «Агар соли гузашта як халта ангишти 25-килоӣ то назди хона 13 сомонӣ мешуд, ҳоло 21 сомонӣ аст. Ҳол он ки имсол бо сабаби коронавирус мардум ба Русия ҳам нарафту пул ҳам надорад».
Ҳоло арзиши як кило ангишти истеҳсоли худӣ то 80 дирам ва ангишти қирғизӣ то ду сомонӣ аст. Сокинон мегӯянд, арзиши ин навъи маводи сӯхт нисбат ба як соли пеш аз 50 то 70 дирам боло рафтааст.
Нигаронии сокинон аз болоравии нархи ангишт дар ҳолест, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар як посухи хаттӣ ба манбаъи хабар гуфта, истихроҷи ангишт дар нӯҳ моҳи ахир беш аз 1,5 миллион тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45 ҳазор тонна зиёд аст. Ба гуфтаи вазорат, саҳми ширкатҳои давлатӣ дар истихроҷи ин миқдор ангишт 59.6 ва ширкатҳои хусусӣ 40.4 дарсад будааст.
Мақомот гуфтаанд, корхонаҳое, ки ангиштро аз зери замин истихроҷ мекунанд, як тона маҳсулоташон аз 187 то 603 сомонӣ арзиш дорад. Аммо арзиши ангиштсанги истихроҷшуда аз конҳои боз аз сад то 330 сомонӣ будааст.
Масъулини вазорат сабаби болоравии арзиши ин навъи сузишвориро ба чанд омил рабт додаанд. Аз ҷумла, гуфтаанд, ки «арзиши асосии ангишти истихроҷшаванда дар корхонаҳои соҳа асосан ба тағйирёбии қимати воситаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла қисмҳои эҳтиётӣ, сузишворӣ, равғанҳои техникӣ ва маводҳои тарканда бастагӣ дорад. Бо назардошти тағйирёбии арзиши онҳо, арзиши аслии ангишти истеҳсолшаванда низ тағийр меёбад».
Вале мақомот мегуянд, дар самти дарёфти роҳи таъмини аҳолӣ ба ангишт бо нархҳои дастрас «Тоҷикматлубот» метавонад иқдом намояд.
Аз сӯи дигар, фурӯшандагон сабаби гарон шудани нархи ангишти ватаниро ба бештар шудани талабот дар корхонаҳои калони истеҳсолӣ медонанд. Онҳо мегуянд, ангишти истихроҷшуда асосан ба Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, инчунин корхонаҳои саноатӣ, аҳолӣ ва ташкилотҳои будҷавӣ фурӯхта мешавад.
Ба асоси омори расмӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ва барои таъмини Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 интиқоли бештар аз як миллион тонна ангишт пешбинӣ гардидааст. То охири моҳи август мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида ба МБГ-2 зиёда аз 680 ҳазор тонна ангишт интиқол дода шудааст. Мақомот мегӯянд, ҳар шабонарӯз дар кишвар аз 8 то 11 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мегардад, ки дар он саҳми корхонаҳои назди конҳои ангишти «Фон-Яғноб» ва «Зиддӣ» бештар аст.
Дар Тоҷикистон сокинон ба фарқ аз ангиштсанги худӣ ба ангишти қирғизӣ бартарӣ медиҳанд. Онҳо мегуянд, барои тӯлонитар гарм нигоҳ доштан, ин навъи сӯзишвориро мехаранд. Аммо он ҳам гарон шудааст.
Қирғизистон аз кишварҳоест, ки дар бозори содироти ин навъи сузишворӣ ба Тоҷикистон пештоз аст. Ба асоси омори расмӣ, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон 13,5 ҳазор тонна ангишт ворид шудааст.
Захираҳои шиносоишуда дар 21 кони ангишти Тоҷикистон ҳудуди се миллиард тонна будааст. Дар Тоҷикистон дар фасли сармо, ба ҷуз аз шаҳрҳои асосӣ, дар нуқоти дигари кишвар гоҳу ногоҳ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ мешавад ва сокиноне, ки дар ҳавлӣ зиндагӣ доранд, барои гарм кардани хонаҳояшон аз маводи сӯхтии алтернативӣ, назири ангиштсанг, истифода мекунанд.