Як корманди 38-солаи бахши бехатарии фурудгоҳи Душанбе бо номи Шерафган Хоҷақулов, сощиби се фарзанд, дирӯз 26 октябр, баъди нисфирӯзӣ худро дар ҷои кораш парронд. Ба гуфтаи наздиконаш ӯ ба нишони эътироз ба 9 моҳ боз пардохт нашудани маошаш ба ин кор даст.
Қаблан ҳам расонаҳо дар бораи аз моҳи март ба ин сӯ пардохт нашудани маоши кормандони фурӯдгоҳи Душанбе навишта буданд. Фурӯдгоҳ бинобар қатъи парвозҳо қисмати аъзами кормандони худро ба рухсатии иҷборӣ фиристода, ба ҳамон қисмати боқимонда ҳам маош пардохт намекард. Ин ҳам дар ҳолест, ки то замони шурӯъи пандемӣ фурӯдгоҳи Душанбе ба рӯйхати андозсупорандагони бузурги кишвар шомил мешуд.
Тағои Шерафган Ҷамшед Давлатов ба Радиои Озодӣ гуфта, ки ӯ соати яки рӯз ба додараш паёмак фиристодааст. Ба ин мазмун ки «омада, мурдаи маро аз фурудгоҳ баред”.
Дар ҳамин ҳол сомонаи “Ахбор” аз баёнияи вижаи маъмурияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” хабар медиҳад, ки гуфта шудааст, «дар робита ба қазияи Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши бехатарӣ, ба самъи кормандони васоити ахбори омма мерасонад, ки маоши мавсуф то имрӯз пурра пардохт шуда буд.” Дар баёния ҳамчунин гуфта мешавад, «дар ин бора ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дастрас мебошанд.”
Дар баёния омадааст, ки «сабабҳои даст ба худкушӣ задани Шерафган Хоҷақулов ба мо маълум нест ва дар робита ба ин қазияи прокуратураи нақлиёти ҶТ санҷиш оғоз карда, тамоми омилҳо баррасӣ хоҳанд шуд.”
Шерафган дар як хонаи иҷора зиндагӣ мекардааст ва ба гуфтаи бародараш Умед Хоҷақулов, аз пули иҷораи он хона 14 ҳазор сомонӣ қарздор шуда буд ва соҳиби хона талаб кардааст, ки хонаи ӯро холӣ кунанд.
Яке аз дӯстони Шерафган Хоҷақулов гуфта, баъди он ки рӯзи 26 октябр маъмурияти фурудгоҳ талаби дигарбораи ӯ барои пардохти маошашро рад кард, аз силоҳи хидматӣ рост ба дилаш тир задааст.
Кормандони фурудгоҳи Душанбе ҳам мегӯянд, аз моҳи март ба ин тараф маош нагирифтаанд. Мутаасифона Шерафган аввалин корманди фурӯдгоҳ нест, ки даст ба худкушӣ задааст. Чанде пеш як кормнади дигари бахши амниятии ҳамин фурудгоҳ бо номи Эркин, ки аз бонк қарздор буд, худро дар хонааш ба дор кашида буд.
Аммо, бо вуҷуди ба маротиб кам шудани парвозҳо, чаро яке то ин дам сердаромадтарин коргоҳҳои кишвар баробари баста шудани роҳҳои ҳавоӣ пардохти моҳонаи кормандонашро қатъ кардааст? Ҳатто агар чанд моҳ фурӯдгоҳ даромаде надошт, магар ин коргоҳе, ки миллионҳо доллар моҳона гардиш дорад, захирае надошт, ки ҳади ақал қисман моҳонаи коргаронашро пардохт кунад. Роҳбарони он чӣ фикр мекарданд, коргарон зиндагии худро бояд аз куҷо таъмин кунанд ва фарзандонашонро бо кадом пул 9 моҳ хғронда пӯшонанд?
Аслан ин ки бузургтарин фурӯдгоҳи кишвар барои таъмини моҳонаи чанд фоиз корманди боқимондааш пул надорад боварнокарданист. Ҳади ақал ба он хотир, ки чанд нафаре, ки ин коргоҳро роҳбарӣ кардаанд, танҳо баъди миллионер шудан онро тарк намудаанд. Ва яке аз сарватмандтарин на танҳо роҳбарни собиқи фурӯдгоҳ, балки кишвар, роҳбари собиқи ин фурӯдгоҳ Рустам Холиқо аст, ки даҳҳо қасру хона дар Тоҷикистон, Дубай ва Туркия дорад.
Ӯ ҳатто ба номи духтараш Таҳмина ҳисоби офшорӣ кушода, пулҳои зиёди дуздиашро ба ҳисобҳои офшориаш интиқол додааст. Як Паём нишон дода буд, ки Офшорҳои духтари Рустам Холиқов, собиқ раҳбари кулли фурӯдгоҳи Душанбе — Таҳмина дар Дубай ва ҷазираҳои Сейшел воқеъ шудаанд. Ӯ ҳам, ба назар мерасад мисли падараш, дӯстдори ҳавопаймоист, ки ширкати офшориашро TAHMINA TOTAL AIRCRAFT LEASING INC ном гузоштааст. Ширкати миёнарав, ки дар Дубай воқеъ аст HELENE MATHIEU LEGAL CONSULTANTS ном дорад.
Таҳмина соҳиби агентии шуғли Ситабр Агро, агентиҳои фурӯши билети ҳавопаймо — “Наримон” ва “Коинот” аст. Шавҳари ӯ Фаррух Имомов намояндаи Fly Dubai мебошад.
Номи Рустам Холиқов баъди ба истифода дода шудани терминали нави Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе расонаӣ шуд. Ба дасти ВАО ҳуҷҷатҳое расида буданд, ки аз масрафи ғайримақсадноки маблағҳо дар ин сохтмон дарак медоданд.
Ҳамчунин чанд роҳбари қабл аз Рустам Холиқов ва баъди ӯ низ на камтар аз миллион долларӣ аз ин коргоҳ дуздидаву аз худ кардаанд. Танҳо моликияти дар кишварбудаи ҳар яки онҳо ба ин маблағ мерасад. Дар бораи раҳбари ҳозираи фурӯдгоҳ низ далелҳои зиёде дар дасти Паём аст, ки баробари пурра шудану тасдиқи худро ёфтани бархе аз онҳо, нашр хоҳанд шуд. Дар ҳамин ҳол кормандони оддии ин коргоҳ нӯҳ моҳ аст пуле намеёбанд то кӯдакони худро хӯронанд ва даст ба худкушӣ мезананд.
“Ахбор” бо такя ба манобеъаш аз ҷараёни вазъият мегӯянд, ду сохтмони бузург ба пешвози 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон – тармими бӯстонсарои ҳукумат дар маҳаллаи «8-уми март” дар Душанбе ва як меҳмонхонаи пурдабдаба дар дараи Харангонро ба дӯши фурудгоҳи Душанбе бор кардаанд. Дар ин байн аз моҳи март парвозҳо қатъ шуданд ва фурудгоҳ аз бахши аъзами даромадаш маҳрум шуд. Вале касе масъулияти маблағгузории он ду сохтмонро аз дӯши фурудгоҳ нагирифт. Ба ин сабаб, ин корхона тамоми пулашро ба тармими бӯстонсарои ҳукумат ва меҳмонхона дар Харангон равона кардааст.
Яъне инҷо масъала танҳо фасоду дуздии раҳбарияти собиқу ҳозираи фурӯдгоҳ нест. Ҳукумат ҳам бо вуҷуди он ки медонад фурӯдгоҳ дигар даромаде надорад ва моҳонаи кормнадонашро намепардозад, сохтмони меҳмонхона ва таъмири бӯстонсарояшро авлотар медонад. Авлотар аз ҷони одамон. Ду нафар худкушӣ кардаанд? Хуб, ин дар қиёс бо сохтмони меҳмонхонаи боҳашамат дар Харангон чизе нест. Барои сохтмони девори бузурги чин чанд миллион нафар ҷон дода буданд.
Ҳоло на танҳо кормандони корхонаҳои азкормонда, балки кормандони буҷавӣ, аз ҷумла муаллимон наметавонанд моҳонаҳои худро дарёфт кунанд. Муаллимоне, ки зиндагии худро бо мушкили зиёд бо 1000-у 1500 сомонӣ пеш мебурданд, чор моҳ аст, ки ҳамин пули ночизро ҳам гирифта наметавонанд. Дар ҳамин ҳол, як моҳи дароз ба дӯши гурӯҳи бузурге аз муаллимон бори гарони интихоботро ҳам бор карда буданд. Онҳо маҷбур буданд тарғиботи пешазинтихоботӣ баранд, барои панҷ номзаде, ки номи 4 нафарашро бори аввал мешуниданд имзо ҷамъ кунанд ва рӯзи интихобот бо шиками гурусна аз субҳ то шом рост истанд, то “пешвои миллат” 91 дарсад овоз гирад.
Бароятон қисмате аз номаи як муаллимро пешкаш мекунем, ки дар бораи чигунагии интихобот ҳикоя кардааст:
“Субҳи барвақт вақте аз хоб хеста саросема бо чойу нон ношто мекардам, духтарчаи 10-солаам аз хоб бедор шуда пурсид, ки “дада, куҷо меравед?” Гуфтам, ки “ба интихобот меравам”. Пурсид, ки “агар пешвои миллат интихоботро буррад зиндагии мо нағз мешавад? Муаллимаамон гуфтанд”. Гуфтам “шояд нағз шавад”. Пурсид, ки “баъд ба хона гӯшт меоред?” Замин накафид ки дароям. Ду моҳ шуд, ки дегамон гӯштро надидааст ва орзуи ягонаи фарзандонам ин аст, ки як боракак серӣ гӯшт хӯранд”.
Кӣ кафолат медиҳад, ки фардо муаллимон ҳам ба қасди ҷони худ шурӯъ намекунанд?