Дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 14-15 марти соли 2018 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон санадҳое ба имзо расидаанд, ки будубош ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони ин ду кишварро ба танзим медарорад.
Нурулло Маҳмадуллоҳзода, муовини Вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон зимни сӯҳбаташ бо расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, тибқи ин созишнома мақомоти ваколатдори Тарафҳо тибқи тартиб ва шартҳои муайяншуда супоридан ва қабули шаҳрвандони Тарафҳоро, ки дар қаламрави давлатҳои якдигар ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, ба амал мебароранд.
Дар асоси Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳо ҳангоми ворид гардидан ба қаламрави давлатҳои якдигар ба муҳлати 30 рӯз аз бақайдгузорӣ дар маҳалли будубош озод карда шуда, муҳлати будубоши онҳо аз рӯзи убури сарҳади давлатӣ то 90 рӯзи тақвимӣ муайян карда шудааст.
“Созишнома ба шаҳрвандони Тарафҳо, бахусус шаҳрвандони ҷумҳурии мо, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, барои расмикунонии будубошашон шароити мусоид фароҳам меорад. Зеро, қаблан муҳлати бақайдгузорӣ барои шаҳрвандони кишвари мо дар ин давлат 5 рӯз ва муҳлати умумии будубош 1 моҳ муқаррар гардида буд. Дар ин муддати кӯтоҳ аксари шаҳрвандони мо дар ин давлат аз сабаби надонистани қонунгузории ин кишвар ва ё рост омадани давраи сафари онҳо ба рӯзҳои истироҳатӣ ва дигар монеаҳои объективию субъективӣ имкони бақайдгузорӣ дар ҷои иқоматро надоштанд. Ин сабаби вайрон намудани қонунгузории ин давлат ва ташвиши онҳо гардида, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешуданд. Дар бисёр ҳолат чунин шаҳрвандон аз ин кишвар ба тариқи маъмурӣ берун карда мешаванд”.- гуфтааст муовини вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон
Нурулло Маҳмадуллоҳзода афзудааст: “Мавриди амал қарор гирифтани санади мазкур мушкилоти зикршударо аз байн мебарад. Яъне минбаъд шаҳрвандони мо дар ин кишвар дар муҳлати 30 рӯзи муайяншуда аз бақайдгирӣ озод буда, дар сурати будубоши зиёда аз ин муҳлат онҳо дар маҳали иқоматашон ба қайд гирифта мешаванд, ки муҳлати будубоши онҳо дар ин давлат 90 рӯзро ташкил медиҳад. Дар сурати машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандони мо метавонанд дар ин давлат бо гирифтани иҷозати кор муҳлати будубошашонро ба 1 сол тамдид намоянд”
“Тибқи Созишнома мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҳуқуқ пайдо менамоянд, ки мубодилаи иттилоотро доир ба масъалаҳои муҳоҷират, бахусус оид ба теъдоди шаҳрвандони Тарафҳо, ки муваққатан дар ҳудуди давлатҳои якдигар будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, ба роҳ монанд. Мубодилаи иттилои мазкур ба фаъолияти самараноки мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тарафҳо мусоидат мекунад. Мувофиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҷиҳати татбиқи таҷрибаи пешрафта дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мубодилаи маълумот оид ба талаботи бозори меҳнати якдигар ба қувваҳои коргарӣ, омодасозӣ ва сафарбарсозии муташаккилонаи шаҳрвандони Тарафҳо ҷиҳати бокортаъминсозӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳои муштараки соҳавӣ ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд.
Маврид ба зикр аст, ки мутобиқи маълумоти рафту омади шаҳрвандон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ум 12 ҳазору 336 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуданд. Айни замон дар ин кишвар 8 ҷамъият ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон расман фаъолият менамоянд.