Рубрики Хабарҳо

IIHF Белорусро аз мизбонии хоккей маҳрум кард

Федератсияи байналмилалии ҳоккейи рӯи ях (IIHF) гуфт, ба далоили амниятӣ тасмим гирифтааст, ки макони баргузории мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2021-ро тағйир диҳад. Қарор буд, ки Латвия ва Белорус ба таври муштарак аз ин мусобиқа мизбонӣ кунанд. Ҳамакнун ё Латвия ба танҳоӣ аз ин мусобиқа мизбонӣ мекунад ва ё кишвари дигар Ригаро дар ин мизбонӣ ҳамроҳӣ мекунад.

«Шӯрои IIHF муайян кард, ки дар ҳоли ҳозир таъмини амнияти дастаҳо, тамошобинон ва ашхоси расмӣ ҳангоми баргузории қаҳрамонии ҷаҳон дар Белорус ғайриимкон аст»,-гуфта мешавад дар изҳорот.

Изҳороти 18-уми январ дар ҳолест, ки фишорҳои кишварҳои аврупоӣ ва сарпарастон алайҳи Белорус аз нақши шарики мизбони ин мусобиқа дар моҳҳои май-июн бештар шудааст.

Дар Белорус сар аз 9-уми августи соли 2020 то имрӯз мардуми норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи президентӣ ба кӯчаҳо мебароянд. Дар он интихобот Александр Лукашенко баранда эълом шуд, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст. Бисёре аз эътирозгарон боздошту ҳабс шуданд.

Маҳрум шудан аз мусобиқа зарбаи навбатӣ ба Александр Лукашенко мебошад, ки худро ҳамчун варзишгар ба тасвир медиҳад ва мунтазам ба рӯи ях баромада, ҳоккей бозӣ мекунад ва ин бозии дӯстдоштаи ӯст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *