Шикояти беморони Covid-19 дар Русия аз камбуди шароити тиббӣ
Мавҷи вируси ҳамагири Covid-19 минтақаҳои Русияро дубора фаро гирифт.
Дар саросари кишвар беморон аз норасоии шадиди доруҳо, катҳои беморхона ва табибон, нарасидани кормандони тиббӣ ва таҷҳизот шикоят мекунанд. Би-Би-Си дар бораи мушкилоти асосии табибон дар минтақаҳо ва чӣ гуна мақомот барои ҳалли онҳо саъй мекунад, гузориш дод.
Шумораи ҳолатҳои ошкоршудаи сирояти Ковид-19 дар як моҳи охир бамаротиб бештар ба қайд гирифта шуд, ки ба тибби минтақавӣ бори вазнин овард. То имрӯз дар Русия беш аз 1,5 миллион нафар сироят ёфта, аз он 27,000 нафар фавтиданд. Шабонарӯзи санаи 28-уми октябр 16 ҳазор ҳолати нав муайян карда шуд.
Владимир Путин рӯзи 28 октябр бо аъзои ҳукумат машварат кард, ки дар ин ҷо барояш гузориш доданд, ки дар 16 минтақаи Русия вазъияти бӯҳронӣ бо миқдори катҳо ба вуҷуд омдааст. Путин дастур дод, ки ба ин минтақаҳо барои таҷҳизоти муҳофизатӣ 10 миллиард рубл ҷудо карда шавад. Норасоии шадиди духтурон ҳам вазъро душвортар мекунад. Ҷое табибон ба таври куллӣ бемор ҳастанд, ҷое дигар аз сабаби беҳад вазнинии ҳолат аз кор рафтаанд. Минтақаҳои Қрим то Олтой аз нарасидани мошинҳои ёрии таъҷилӣ азият мекашанд. Дар як худи Крим шумори сироятёфтагон аз 8 ҳазор нафар гузашта 600 нафар духтур ва якуним ҳазор нафар дигар кормандони тиб намерасанд, ҳарчанд ба духтурон ваъдаи меҳмонхонаву хӯрокаи ройгон пешниҳод шудааст.
Духтурони вилояти Курган дар номаашон бар раисҷумҳур изҳор доштаанд, ки дар ин ҷо ҷаҳаннам аст, духтурони ҳарбиро фиристед.
Мақомоти маҳаллии минтақаи Свердловски Русия хабар додаанд, ки қарзи маоши кормандони ёрии таъҷилӣ ва 300 миллион рубл расидааст.
Дар вилояти Ярослав дар охири моҳи октябр тақрибан сеяки кормандони ёрии таъҷилӣ бемор буданд.
Мушкилоти дигари мавҷи минбаъдаи эпидемия серборӣ дар мурдахона мебошад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видео ва аксҳои халтаҳои сиёҳи дар фарш ҷамъшуда пайдо шудаанд. Ҳадди аққал панҷ шаҳри Русия бо норасоии ҷойҳо дар мурдахонаҳо рӯ ба рӯ шуданд. Вазъият аз он ҷиҳат мураккаб мешавад, ки қонун вазифадор аст ташхиси пас аз маргро барои ҳамаи қурбониёни коронавирус анҷом диҳад.
Дар Новосибирск бошад, беморхонаҳо то ҳадде пур шудаанд, ки дигар дар коридор ҳам ҷой намондааст ва беморонро дар кунҷи зинапояҳо ҷойгир кардаанд.