Рубрики Хабарҳо

Бонки миллӣ поёнравии қурби сомониро бо рублу лираву гривна муқоиса кард

Бонки миллии Тоҷикистон поёнравии қурби пули миллии кишвар — сомониро ба пандемии вируси коруно вобаста донист ва гуфт, ки пулҳои миллии бисёре аз кишварҳо нисбат ба доллар ба таври назаррас поин рафтааст. 

Гуфта мешавад, то нимаи моҳи октябр қурби лираи Туркия нисбат ба доллар ба андозаи 33,5%, рубли Русия — 25,9%, рубли Беларус — 22,5%, гривнаи Украина — 19,6%, тангаи Қазоқистон — 15,9%, ларии Гурҷистон — 12,3% ва сӯми Ӯзбекистон — 9% поин рафтааст.

Беқурбшавии пулҳои миллии ин кишварҳо бахусус дар давраи семоҳаи дуюми соли ҷорӣ ба гуфтаи БМТ, ба хурӯҷи мавҷи дуюми пандемии вируси коруно бастагӣ дорад. 

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Бонки миллӣ, аз оғози сол қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар 6,7% поин рафтааст.

Муқоисаи тағйири қурби сомонӣ нисбати доллар бо пулҳои миллии кишварҳои мазкур дар ҳолест, ки қурби пул дар ин кишварҳо бо фарқ аз Тоҷикистон аз тарафи давлат идора намешавад. Дар ҳамаи ин кишварҳо қурби пулро бозор муайян мекунад ва қурби бозору бонкҳо тафовуте надоранд. Дар Тоҷикистон бошад қурб аз тарафи давлат муайян шуда, ҳоло фарқи қурби бонкҳо ва бозори сиёҳ ба беш аз 10 дарсад расидааст. 

Имрӯз пули миллии Тоҷикистон — сомонӣ 20 сола шуд ва дар ин муддат он нисбати доллар 470% беқурбтар гардид. Сомонӣ 30 октябри соли 2000-ум ба муомилот бароварда шуд. Қабл аз сомонӣ рубли тоҷикӣ ҳамчун воҳиди пулӣ истифода мешуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *