Рубрики Хабарҳо

Вазири иқтисод гуфт Тоҷикистон рушди 4,2%-ӣ доштааст

Дар вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал, ки  дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, масоили самаранокии тадбирҳои зиддибуҳронии аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон роҳандозишуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳон, ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар 9 моҳи соли 2020, таъсири хавфҳои дохилию берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, ислоҳоти анҷомдодашуда ва чораҳои зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон, инчунин тақвият додани самтҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Вазир қайд кардааст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ таъсири пандемия дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаҳои молия, савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла боркашонию мусофиркашонӣ эҳсос мегардад.

Ба гуфти Завқизода  дар 9 моҳи соли 2020 рушди иқтисодиёти кишвар 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 банди фоизӣ кам аст”.

Ҳамзамон зикр гардида, ки дар мавриди саривақт роҳандозӣ нагардидани чораҳои зиддибӯҳронӣ, рушди иқтисоди миллӣ дар 9 моҳи соли 2020 эҳтимол ба ҷои 4,2 дар сад  ба 1,2 дар сад баробар мешуд.

Дар хабари Вазорат қайд мешавад, ки ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор тадбирҳои зиддибӯҳронии андешидашудаи ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар муқоиса ба дигар кишварҳо самаранок ва натиҷабахш арзёбӣ намудааст.

Гуфта мешавад, бинобар ин, Хазинаи Байналмилалии Асъор  дар асоси натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дурнамои худро оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон бозбинӣ намуда, онро аз 2 дар сади таназзули қаблӣ то ба 1 дар сади рушд баланд намуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *