Бо вуҷуди набуди парвозҳои муназзам миёни Русия ва Тоҷикистон Маскав қасд дорад, ки 50 дарсад аз парвозҳои чартериро ба ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ вогузор кунад.
Дар паи бекор кардани парвози ширкати Сомон Эйр ба Душанбе саргардонии садҳо нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик, манобеъи Созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон иллати ин нобасомониро фишори Русия ба Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳои чартерӣ эълом карданд.
Русия қасд дорад, ки 50 дарсади ин парвозҳоро ба ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ вогузор кунад ва ин дар ҳоле аст, ки ду ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр аз назари молӣ вазъи бад доранд ва анҷоми парвозҳои чартерӣ танҳо манбаъи даромади онҳост.
Бар ин асос музокирот миёни Тоҷикистон ва Русия барои мушаххас кардани саҳми ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар дар парвозҳои чартерӣ идома дорад.
Ахиран Русия иҷозатномаи парвози ширкати Сомон Эйри Тоҷикистонро бекор кардааст, ки қарор буд садҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик ва аъзои хонаводаҳои ононро, ки дар паи густариши вируси корона бекор шудаанд ба ватанашон мунтақил кунад. Гуфта мешавад, ки аз баҳори имсол то аввали моҳи ноябр аз Русия 70 ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик бо ҳавопаймоҳои ду ширкати Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр ба Тоҷикистон бозгардонда шудаанд.