Рубрики Хабарҳо

ЛЕОНАРДО ДА ВИНЧИ

Леонардо да Винчиро дар замони зиндагиаш ҳам, то ҳоли имрӯз ҳам, ӯро “Одам-мафҳум” мегуфтанд.  

Леонардо да Винчи 15 апрели соли 1452 дар деҳаи Винчи музофоти Тосканаи Италия ба дунё омадааст. Шахси ғайриоддӣ бо зебоии сурату сират буд, ки номаш тариқи ҳунар дар хотирахои абадии башар мақом дорад. Марди зебое буда, қоматаш 194 сант будааст. Завқи баланди эстетикӣ дошт ва тарзи либоспӯшияш, зебоияш, рафтору кирдори зебои ашрофонааш дили бонувони зеборо мафтуну шайдо мекард. Леонардо да Винчи суварнигор (рассом, тасвиргар), пайкарасоз, меъмор, олими илмҳои дақиқ, шоир, нависанда, оҳангсоз… ӯ дар ҳамаи ин ҳунарҳо устоди нотакрор буд. Ин қадар ба ҳунар, илму санъату адаб дилбаста буд, ки барои оиладор шудан вақт шояд наёфт. Леонардо да Винчи аз олам муҷаррад гузаштааст. Дар сарчашмаҳо оварда шудааст, ки Леонардо да Винчи писари Перо да Винчи ва маъшуқааш Катерина аст. Азбаски падараш сарватманд ва модараш аз табақаи нодори ҷамъият буда, онҳо бо ҳам расман оиладор нашудаанд. Бо вуҷуди ин Леонардо да Винчи ва Катерина се сол ҳамзистӣ доштаанд. Баъдан Перо да Винчи (падари Леонардо) бо хонуми сарватманде, ки аз ҷиҳати табақабандӣ мувофиқаш буд, оиладор шуд.

Перо да Винчи пас аз муддате писараш Леонардоро ба худ гирифт ва ба таълиму тарбияти ӯ машғул шуд. Кӯшиш мекард, ки писараш ҳеҷ камбудие надошта бошад ва аз тамоми илмҳои замон бархӯрдор шавад. Аз хурдсолӣ пайдо буд, ки Леонардо писараки оддӣ нест, ӯ бо истеъдоди фавқуллода аз ҳама фарқ мекард. Модарандари Леонардо пас аз 10 сол вафот кард, ӯ бисёр кӯшиш намуд, ки фарзанддор шавад то молу давлати худашу Перо да Винчи соҳиб дошта бошад, аммо ба ин орзуи худ нарасид ва ҳангоми тавлиди кӯдак ҷон бохт. Перо да Винчи пас аз марги ҳамсараш ба зудӣ оила барпо кард, ӯ чор маротиба оиладор шудааст, ки аз чор модарандар Леонардо да Винчи 12 бародару хоҳар дошт. Падараш ба таълиму тарбияти Леонардо бештар ғамхор буд, ӯ фарзанди худро ба рассоми машҳури замон Андреа Верокко ба шогирдӣ гузошт. Ба ҷуз тасвиргарӣ Леонардо ба илмҳои дақиқ адабиёту таърих низ дилбастагӣ дошта, ин илмҳоро ба андозае омӯхт, ки чун олими илмҳои дақиқ, шоир ва нависанда низ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кард. То соли 1476 Леонардо, асосан ба устодаш кӯмак мекард. Леонардо да Винчи асосан рассоми (портретист) чеҳранигор ба шумор меравад. Расмҳои офаридаи ӯ Моно Лиза, Мадонна ва мисли инҳо қимматтарин ганҷинаи фарҳанги оламиён буда, гаронтарин нархро дорад ва дар музейҳои машҳури олам нигаҳдорӣ мешавад.

Леонардо да Винчи зиндагии шахсии худро пинҳон медошт, касе аз розҳои рӯзгори шахсияш огоҳӣ надошт. Бо вуҷуди ин маълум аст, ки Леонардо да Винчи бо хонуми зебое бо номи Чечилией Галерани, яке аз бонувони зеботарин, фавориткаи сарватмандтарин герчсог ишқварзии пинҳонӣ доштааст. Ба ин мактуби ӯ бо чунин оғоз “Маҳбубаи ман, Олиҳаи зебоӣ….. ” ва тасвири зебое ” Хонуме аз Гонрнастаем” гувоҳӣ медиҳад. Сарчашмаҳои дигар ин ақидаро рад мекунанд ва мегӯянд, ки Леонардо да Винчӣ гирифтори ишқи заминӣ набуд ва бо касе иртиботи ошиқона надошт ва зиндагии рӯҳонӣ ба сар мебурд. Аммо ҳароина тасвирҳои зеботарин хонумҳо гувоҳанд, ки Леонардо да Винчи зебопараст буд, дили пур аз ишқу эҳсос дошт ва Мадонаю Моно Лиза ҳамон чеҳраи Чечилией аст. Зеро ин тасвирҳо ҳарчанд нақшҳои гуногуну сарулибоси гуногун ва фарқиятҳои беш аз ҳам дошта бошанд ҳам, як чеҳра доранд. Аввалин нафаре,ки микрозро ихтироъ кард Леонардо да Винчи буд. Кабл аз Леонардо аз хокчои Фиравнхо пайдо карданд асбобе ба монанди микроз, ки онро ба асри 16 кабл аз милод нисбат медиханд, аммо Леонардо онро дар тархи нав коркард карда баромад.  Лоиҳаи сохтани дучарха, киштии зериобӣ, танк, пулемёт, чархбол ва хеле дигар техникаҳои муосир низ дар осорхонаи ӯ нигаҳдорӣ шудаанд. Леонардо да Винчи соли 1519 бо бемории фишорбаландӣ аз олам гузашт ва дар галереяи ибодатгоҳи масеҳиён дар Сен-Фрорантен ба хок супорида шудааст.

Дар ҷангу нооромиҳо мақбараву пайкараи Леонардо да Винчи барбод рафт ва устухонҳои ӯ ба ибодатгоҳи Амбуаз, ки се соли охири ҳаёташ тасвиргари оламгир дар ин шаҳр зиста буд, интиқол дода шудааст, ки имрӯз зиёратгоҳи оламиён аст. То ҳанӯз олимони санъатшинос ба рамзу рози тасвирҳои Леонардо да Винчи нарасидаанд. Истеъдоди ин рассом ғайритабиӣ менамояд, чашмони тасвирҳое, ки Леонардо да Винчи кашидааст, гӯё бо нигоҳи зинда ба мо менигарад. Нависанда Ден Браун китобе бо номи “Код да Винчи” навиштаву интишор додаааст, ки атрофи рамзу рози тасвирҳои Леонардо да Винчи баҳс мекунад. Тасвирҳои Леонардо да Винчи бештар рӯҳияи динӣ дошта, гувоҳи он аст, ки ӯ шахси рӯҳонӣ ва огоҳ аз таърихи дин буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *