Ягона посгоҳи назоратӣ ва гумрукӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Чин — “Қулма” аз аввали моҳи октябри соли гузашта баста боқӣ мемонад. Ба гуфтаи тоҷирон роҳ бо ташаббуси ҳукумати Чин баста шудааст ва онҳо зарарҳои ҳангуфт мебинанд.
Тоҷироне, ки аз ин кишвар бор ворид мекарданд, мутаҳаммили зарарҳои чашмрасе шудаанд. Саидалӣ, як тоҷире, ки аз Чин либос ворид мекунад ба Паём гуфт, ки бинобар баста будани сарҳад мавсиси либосҳои зимистонае, ки мехост ба Тоҷикистон оварад гузашт ва ӯ ҳади ақал 20 000 доллар зарар кардааст. Ин ҳам агар тавонад молҳояшро то зимистони оянда ворид кунаду ба фурӯш расонад.
Ӯ гуфт фурӯшандаҳои чинӣ ҳам аз бозпас гирифтани молҳояшон худдорӣ кардаанд ва кӯшиши овардани бор тавассути роҳи ҳавоӣ низ бенатиҷа тамом шудааст. Ба гуфтаи ӯ қимати умумии борҳои савдогарони тоҷик, ки дар сарҳад дармондаанд, «камаш 10 миллион доллар аст».
Баъди бар асари пандемия баста шудани сарҳадҳо, интиқоли бор тариқи ин гузаргоҳ бо тарзи махсус амалӣ мешуд: таҳвилгарони Чин борро то сарҳади умумӣ оварда, ба ҳамтоёни тоҷики худ месупориданд. Ин тарзи кор пешгирии паҳншавии коронавирус маънидод мешуд. Аммо аз охири моҳи октябр роҳ барои ҳаракат баста аст.
Ба иттилои АзияПлюс, дар вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон гуфтаанд, Чин сарҳадро на танҳо бо Тоҷикистон, балки бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон низ баста, ҳалли масъалаи мазкур танҳо ба ҳукумати Чин вобаста мебошад.
Баста будани сарҳадро тоҷирон ба “сиёсати ҳукумати Чин, ки ба ҳимоя аз манфиатҳои соҳибкорони худӣ равона шудааст”, рабт медиҳанд. Аммо бархе манобеъ мегӯянд Чин аз Тоҷикистон гузаштҳои бештаре дар додани конҳо ба ин кишвар талаб мекунад.
Кишвари Чин ба сегонаи асосии таҳвилгарони молу маҳсулот ба Тоҷикистон ба шумор рафта, аз рӯйи ин нишондиҳанда танҳо Русия ва Қазоқистон аз ӯ пешсафанд. Соли 2020 аз Чин ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 440 млн доллар молу маҳсулот ворид карда шуд, ки 14% аз ҳаҷми умумии воридотро ба ҷумҳурии мо дар соли гузашта ташкил медиҳад.
Дар муқоиса бо соли перори соли 2019, соли порини 2020 ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Чин қариб ба андозаи 20 дар сад поин рафт.
Тоҷикистон аз Чин асосан маҳсулоти ғайриозуқа: масолеҳи сохтмон, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, сарулибос, техника ва таҷҳизоти гуногун ва ғайра ворид мекунад.
Молу маҳсулоти бештар муҳим (маводи сӯзишворӣ, гандум ва ғайра) аз Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистн оварда мешаванд, ки соли гузашта ҳар ду ин кишвар наздики 55% аз ҳаҷми умумии воридотро ба кишвари мо таъмин карданд.