Рубрики Хабарҳо

Жириновский хостори ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик шуд

Владимир Жириновский, раиси ҳизби либерал демократи Русия дар як барномаи телевизионӣ хостори ҷалби бештари муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон шуд.

Владимир Жириновский дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Владимир Соловев изҳор дошт, ки агар Русия ба коргар ниёз дошта бошад, бигзор бештар аз Тоҷикистон ҷалб шаванд.

Ҳамзамон раиси ҳизби либерал демократи Тоҷикистон дар посух ба суоли Владимир Соловёв, илова кард, ки ӯ дар сафари охираш ба Тоҷикистон дар ин масъала бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтугӯ карда ба тавофуқ расидааст.

Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Гулру Ҷабборзода, собиқ сардори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тӯли шаш моҳ 129 ҳазору 807 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷа рафтаанд.

Ҷабборзода гуфта буд, ин рақам нисбат ба соли гузашта 57 дар сад камтар аст. Ба гуфти сардори вазорат, агар маълумотҳои омориро муқоиса намоем, пас дар соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 ҳазор нафар камтар муҳоҷирон барои дарёфти кор ватанро тарк кардаанд.

Номбурда гуфт, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ барои кор ба Русия рафтанд, ки теъдоди онҳо ба  117 ҳазор мерасад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *