Рубрики Хабарҳо

Ултиматуми Русия ба Укроин дар мавриди пазируфтани шарти Маскав

Вазири хориҷаи Русия бо таъкид бар ин ки Киев аз шартҳои Маскав огоҳ аст, таҳдид кард агар Укроин ин шартҳоро напазирад, артиши Русия вориди амал шуда ва ба ин масъала расидагӣ хоҳад кард. Укроин то кунун ҳозир ба пазириши шурути Маскав набудааст. 

Як рӯз пас аз он ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, барои “музокира бо ҳамаи тарафҳои даргир” дар ҷанги Укроин эъломи омодагӣ кард, вазири умури хориҷаи Русия дар изҳороти тунд, Киев ва кишварҳои ғарбиро ба талош барои нобуд кардани Русия муттаҳам ва таҳдид кард Укроин бояд таслими шартҳои Маскав шавад вагарна артиши Русия ба ин масъала расидагӣ хоҳад кард. 

Укроин ва муттаҳидони ғарбии ин кишвар то кунун нишастан бар сари миз ҳар гуна музокира бо Русияро рад кардаанд дар ҳоле, ки артиши Русия низ ҳамчунон ба бомбаборони шаҳрҳои Укроин ва зерсохтҳои муҳим ва ҳаётии ин кишвар идома медиҳад. Маскав ҳамчунин бар қасди худ пофишорӣ мекунад ва хостори он аст то Киев фатҳи як панҷуми хоки Укроин тавассути Русияро ба расмият бишиносад. Дархосте, ки Киев онро рад мекунад. Мақомоти укроинӣ гуфтаанд ин кишвар ба ҷанг бо Русия то замоне, ки Маскав ҳозир ба ақибнишинӣ набошад идома медиҳанд. 

Ба гузориши хабаргузории русии ТАСС Сергей Лавров шомгоҳи душанбе, 26 декабр иддао кард: “душман ба хубӣ аз пешниҳодоти мо барои халъи ислоҳ ва нозизудоии (денатсификатсия) манотиқи таҳти контроли режим [Укроин] ва таҳдидҳои баромада аз ин манотиқ алайҳи амнияти Русия, аз ҷумла заминҳои нави мо бохабар аст.” 

Ӯ дар идома ҳушдор дод: “нукта соддааст: барои хотири худатон ин хостаҳоро анҷом диҳед, дар ғайри ин сурат артиши Русия ба ин масъала расидагӣ хоҳад кард.” 

Путин таҳоҷум низомӣ алайҳи Укроинро рӯзи 24 феврал оғоз кард ва онро як “амалиёти вижа” барои “нозизудоӣ” ва халъи силоҳи Укроин номид, ки ба гуфтаи ӯ таҳдиде алайҳи Русия аст. 

Киев ва кишварҳои ғарбӣ дар муқобил Путинро ба кишваркушоӣ ва ғасби сарзамин ба сабки истеъморӣ ва империалистӣ муттаҳам мекунанд ва таҳримҳои шадид ва густурдаеро алайҳи Русия эъмол ва ҳамзамон миллиардҳо доллар кумаки молӣ ва низомӣ ба давлати Укроин ирсол кардаанд. 

Ба нақл аз хабаргузории ТАСС Лавров гуфт: “бар касе пӯшида нест, ки ҳадафи стратегии Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО, шикасти Русия дар майдони набард ба унвони механизме барои тазъифи қобили тавваҷуҳ ё ҳатто нобудии кишвари мост.” 

Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин бо муқассир хондани давлати Ҷо Байден таъкид кард, Вашингтон ва Маскав наметавонанд иртиботи одӣ бо якдигар дошта бошанд. Лавров Укроинро муттаҳам кард, ки қасд дорад НАТО-ро ба умқи даргирӣ бо Русия бикашонад, ба ин умед, ки “даргирии шадид бо артиши Русияро иҷтинобнопазир кунад”. 

Ӯ рӯйкарди сиёсии кишварҳои ғарбиро низ ҳадафи интиқоди шадиди лаҳни худ қарор дода ва гуфт, кишварҳои ғарбӣ “доимо гумоназанӣ мекунанд, ки Русия дар садади истифода аз силоҳи ҳастаӣ алайҳи Укроин аст». Лавров сиёсати Ғарб бо ҳадафи “миҳори комили Русия”-ро “бисёр хатарнок” хонда ва муддаӣ шуд ин рӯйкарди “хатари даргирии мусаллаҳонаи мустақими қудратҳои ҳастаиро ба думбол хоҳад дошт”. 

Ин иддаоҳо аз забони вазири хориҷаи Русия дар ҳоле баён шуда, ки Маскав борҳо таҳдид карда дар сурати лузум ҳатто ба силоҳи ҳастаӣ мутавассил хоҳад шуд. Ҷо Байден ду моҳ пеш дар суханоне нисбат ба таҳдидоти ҳастаии Русия ҳушдор дода ва гуфта буд Путинро бисёр хуб мешиносад ва медонад, ки вақте ӯ дар мавриди истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ, химиёвӣ ва биологикии токтикӣ сӯҳбат мекунад, шӯхӣ намекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *