Рубрики Хабарҳо

Боздошти 130 нафар дар эътирозҳои Белорус

Дирӯз мақомоти Беларус даҳҳо тан аз ширкатдорони эътирози давомдор алайҳи ҳукумати Александр Лукашенкоро боздошт кардааст.

Назди чор моҳ боз ҳазорон сокини Беларус бо даъвати барканории Александр Лукашенко, президенти ин кишвар, эътироз мекунанд.

Рӯзи 29-уми ноябр, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, пулиси ин кишвар 130 нафар аз эътирозгаронро боздошт кардааст.

Эътироз пас аз 9-уми августи соли равон оғоз шуд, ки мақомот Александр Лукашенкоро ғолиби интихоботи президентӣ унвон карданд.

Эътирозгарон мегӯянд, интихобот шаффоф набуд ва барандаи интихобот Светлана Тихановская буд.

Расонаҳои давлатӣ хабар доданд, ки Александр Лукашенко гуфтааст, пас аз қабули сарқонуни нав аз мақомаш канор меравад.

Ӯ аз соли 1994 то ҳол қудратро дар Беларус дар даст дорад.

Баъзе расонаҳо аз қавли Светлана Тихановская хабар доданд, ки гуё Ҷо Байден, президенти тозаинтихоби Иёлоти Мутаҳидаи Амрико Тихановскаяро ба маросими қасамёдкунии худ даъват кардааст. Агар ин даъво рост бошад, нишонгари он аст, ки Амрико Светлана Тихановскаяро ҳамчун президенти мунтахаби Белорусия мешиносад ва Лукашенкоро қабул надорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *