Рубрики Хабарҳо

Тамҷиди Хоманаӣ аз «ибтикори амал»-и ҳамлаи Русия ба Укроин

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар сафар ба Теҳрон бо Алии Хоманаӣ ва Иброҳим Раисӣ дидор ва гуфтугӯ кард. Хоманаӣ дар ин дидор гуфт, агар ҷилави НАТО дар Укроин гирифта намешуд «муддате баъд ҳамин ҷангро ба роҳ меандохтанд.» 

 раисҷмҳур Русия, ки ба манзур дидор ва гуфтугӯ бо мақомҳои Эрон ва Туркия ба   Хоманаӣ дар ин дидор бо таъкид бар ин, ки «ҳаводиси ҷаҳонӣ ниёзи Эрон ва Русия ба ҳамкориҳои рӯзафзун»-ро нишон медиҳад гуфт: “дар қазияи Укроин агар шумо ибтикори амалро ба даст намегирифтед, тарафи муқобил бо ибтикори худ, мӯҷиби вуқӯъи ҷанг мешуд.» 

Ӯ ҳамчунин НАТО-ро «хатарнок» хонд ва афзуд: “агар роҳ дар муқобили НАТО боз бошад, ҳадду марзе намешиносад ва агар ҷилави он дар Укроин гирифта намешуд, муддате баъд ба баҳонаи Крим, ҳамин ҷангро ба роҳ меандохтанд.” 

Гуфтаҳои ӯ ба навъе такрори иддаоҳои Русия аст, ки Ғарбро муттаҳам ба талош барои ба роҳ андохтани ҷанг алайҳ Русия карда ва густариши НАТО ба Укроинро аз далоили таҷовузи худ ба хок Укроин хондааст. 

Хоманаӣ ҳамчунин шарқи Фуротро «ҳосилхез ва нафтхез» хонд ва гуфт, бояд амрикоиҳоро аз ин минтақа берун ронд. 

Дидор бо Раисӣ 

Путин ҳамчунин дар дидори худ бо Раист «дар бораи густариши беш аз пеши равобит дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумла энерҷӣ, транзит ва мубодилоти тиҷорӣ ва ҳамчунин таҳаввулот минтақа» табодули назар кард. 

Ду тараф бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои ҷадиди минтақавӣ ва фаромитақавӣ таъкид карданд ва аз талош барои «тақвияти амнияти кишварҳои мустақил дар минтақа» хабар доданд. 

Владимир Пути, ки барои ҳузур дар ҳафтумин нишасти  «раванди Остона» ё сулҳи Сурия бо ширкати се кишвари Эрон, Туркия ва Русия ба Теҳрон сафар карда гуфт: “Эрон ва Русия саҳми бисёр бузурге дар ҳалу фасл буҳрони Сурия доранд.” 

Дар ҷанги дохилии Сурия, ки аз соли 2011 идома дорад, Русия ва Эрон ҳомии ҷиддии Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия будаанд. 

Ба навиштаи ИРНО, дар ҳафтумин нишасти “раванди Остона”, Путин, Раисӣ ва Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия дар бораи таҳаввулоти ахир дар Сурия, мубориза бо гурӯҳҳое монанди Доъиш ва Ҳизби коргарони Туркия (ПКК) ва бозгашти ихтиёрии паноҳандагони сурӣ ба хонаҳояшон гуфтугӯ карданд. 

 Урдуғон дирӯз 19 июл ба Эрон сафар кард. Агарчи ҳадафи расмии ин сафар гуфтугӯ дар мавриди таҳаввулоти Сурия унвон шудааст, аммо пешбинӣ мешуд, ки ҷанги Украина ва таъсири он бар содирот ғаллаҳо низ аз меҳварҳои ин нишаст бошад. 

Ин дувумин сафари хориҷии Путин аз шурӯъи ҳамлаи Русия ба Укроин аст. Қарор аст ӯ баъд аз ин сафар ба Москва бозгардад. 

Пеш аз сафари Путин Шабакаи иттилоърасонии нафт ва энерҷӣ аз имзои «тафоҳумномаи ҳамкории роҳбурдӣ» миёни ширкати миллии нафти Эрон ва ширкати Газпроми Русия ба арзиши ҳудуди 40 миллиард доллар хабар дода буд. 

Хоманаӣ дар дидор бо Путин гуфт: “тафоҳумҳо ва қарордодҳои зиёде байни ду кишвар аз ҷумла дар бахши нафт ва газ дар ҷараён аст, ки бояд то интиҳо пайгирӣ ва амалиётӣ шаванд.”

Ҳушдор дар мавриди ирсоли паҳподҳои эронӣ ба Русия 

Сафари Путин ба Теҳрон чанд рӯз баъд аз сафари Ҷо Байден, ҳамтои амрикоияш ба Исроил ва Арабистони саудӣ анҷом мешавад. Ин сафар дар ҳоле рух медиҳад, ки Амрико аз тасмими Эрон ба ирсоли паҳпод ба Русия барои тақвияти ин кишвар дар ҷанг алайҳи Украина хабар додааст. 

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон ин хабарро такзиб кардааст. 

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико шомгоҳи душанбе дар посух ба пурсише дар ин бора ҳушдор дод, ки Амрико аз наздик таҳаввулоти марбутаро зери назар хоҳад гирифт. 

Ӯ ҳамчунин таҳдид кард, ки ҳар гуна муомила дар ин замина бо Эрон шомили шуморе аз таҳримҳои Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон хоҳад шуд. 

Ҷек Соливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед пеш аз ин гуфта буд, Амрико ба иттилооте даст ёфта, ки нишон медиҳад «Эрон дар ҳоли омодасозии чандсад паҳпод барои Русия аст.» 

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар гуфтугӯ бо Дмитрий Кулеба, вазир хориҷаи Укроин ҳамкории ҷадиди низомии Эрон ва Русия барои густариши ҷанг дар Укроинро рад карда ва гуфтааст, Теҳрон бо ҳар гуна иқдоме, ки мунҷар ба ташдиди даргириҳо ва идомаи ҷанг шавад, мухолиф аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *