Рубрики Хабарҳо

Асъор ва иқтисод 18.11.2020

Нархи арз

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 18 ноябр эълон кардааст

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 14 сомониву 65 дирам нишон дода шудааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13 сомониву 35 дирам  то 13 сомониву 60 дирам арзёбӣ кардааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11 сомониву 30  дирам то 11 сомониву 33 дирам  арзёбӣ кардааст. 

Пойгоҳи Bloomberg бо истинод ба як пешгӯии корпоратсияи молиявии Citigroup менависад, дар сурати ба миён омадани воксинҳои коронавирус ва аз ави он барқарорсозии рушди иқтисодӣ ва тиҷорати ҷаҳонӣ, қурби доллар метавонад соли оянда 20 дар сад коҳиш ёбад.

Як зарбаи дигар ба доллари ИМА метавонад ин бошад, ки сармоягузорон аз дороиҳои амрикоӣ ба дороиҳои байналмилалӣ хоҳанд гузашт.

Ҳамзамон, шохиси доллар дар муқоиса бо авҷи моҳи март аллакай 11 дар сад аз даст рафтааст.

 Стратегҳои корпоратсияи молиявии Citigroup мегӯянд, «Имрӯзҳо доллар метавонад роҳеро, ки аз ибтидо то миёнаи солҳои 2000-ум тай кардааст, такрор кунад».

Он гоҳ, баъди соли 2001, курси доллар чанд соли дигар паст шуда буд.

Ин аз он сабаб буд, ки Чин ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шомил шуда, мавҷи ҷаҳонишавӣ ва ҳаҷми савдои ҷаҳониро афзоиш дод.

Коршиносон мегуянд, озмоишҳои бомуваффақияти ваксина инчунин тағиротро дар бозори асъори Русия низ метавонанд ба вуҷуд оранд.

Нархи тилло

Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи  имрӯз  миёни бонкҳои Лондон  1879 доллару 73 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.

Нархи нафти хом

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 44 доллару 16 сент муъомила шуд.

Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 41 доллару 95 сент муомила шуд.

Пойгоҳи Bloomberg бо истинод ба як пешгӯии корпоратсияи молиявии Citigroup менависад, дар сурати ба миён омадани воксинҳои коронавирус ва аз ави он барқарорсозии рушди иқтисодӣ ва тиҷорати ҷаҳонӣ, қурби доллар метавонад соли оянда 20 дар сад коҳиш ёбад.

Як зарбаи дигар ба доллари ИМА метавонад ин бошад, ки сармоягузорон аз дороиҳои амрикоӣ ба дороиҳои байналмилалӣ хоҳанд гузашт.

Ҳамзамон, шохиси доллар дар муқоиса бо авҷи моҳи март аллакай 11 дар сад аз даст рафтааст.

 Стратегҳои корпоратсияи молиявии Citigroup мегӯянд, «Имрӯзҳо доллар метавонад роҳеро, ки аз ибтидо то миёнаи солҳои 2000-ум тай кардааст, такрор кунад».

Он гоҳ, баъди соли 2001, курси доллар чанд соли дигар паст шуда буд.

Ин аз он сабаб буд, ки Чин ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шомил шуда, мавҷи ҷаҳонишавӣ ва ҳаҷми савдои ҷаҳониро афзоиш дод.

Коршиносон мегуянд, озмоишҳои бомуваффақияти ваксина инчунин тағиротро дар бозори асъори Русия низ метавонанд ба вуҷуд оранд.

Вақтҳои охир  арзиши ангишт дар шаҳру навоҳии  кишвар то 20-25 дарсад боло рафтааст. Сокинон мегӯянд, гарон шудани нархи маводи сӯхт дар баробари дигар маводи ниёзи рӯзгор ба ҷайби онҳо таъсир мерасонад.

Ҳоло бино ба гуфти сокинони кишвар нархи ангишт ба 1 сомониву 70 дирам баробар шудааст. Чизе, ки ду ҳафта пеш 1сомонию 40 дирам қимат дошт. Фурӯшандаҳо мегуянд, ки ба онҳо ҳам бо нархи баланд дастрас карда мешавад”.

Хабаргузории Sputnik Тоҷикистон менависад, аз шуъбаи саноати ҳукумати Суғд ба расона гуфтаанд, ки дар ҳудуди вилоят шаш корхонаи истихроҷи ангишт фаъол буда, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ ин коргоҳҳо ба андозаи 1 миллиону 540 ҳазор тон ангишт истеҳсол кардаанд. Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта  ҳудуди 25 ҳазор тон кам гуфта мешавад.

Гуфта шудааст, ки  “дар ин давра Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Ангишти шаҳри Исфара” 61 ҳазору 465 тон,  шахтаи “Фон Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ 749 ҳазор тон, ҶДММ “Комбинати металургии тоҷик” дар ноҳияи Айнӣ 354 ҳазору 293 тон, ҶДММ “Талко Ресурс” 365 ҳазору 251 ҳазор тон, ҶДММ “Диёри ангишти Тоҷикистон” дар шаҳри Панҷакент 170 тон ва  ҶДММ “Қудрат 2010” дар ноҳияи Кӯҳистони  Масчоҳ  9 ҳазору 590 тон ангишт истихроҷ кардаанд”.  

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ки дар 20 соли ахир мизони фақр дар кишвар ҳудуди 60 дарсад коҳиш ёфтааст.

Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки бо иҷро шудани барномаҳои ҳукумат дар заминаи фақрзудоӣ мизони фақр дар Тоҷикистон аз 83 дарсад дар соли 2000 ба 26 дарсад дар соли 2020 расидааст.

Ба гуфтаи Завқизода, саронаи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон, ки дар соли 2000 наздик ба 289 сомонӣ буд, дар соли 2020 то ба 8 ҳазору 388 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдои афзуда, ки маоши моҳона ба ҳисоби миёна низ, ки дар соли 2000 андаке беш аз 15 сомонӣ буд, акнун ба 1 ҳазору 335 сомонӣ расидааст, ки дастоварди муҳиме ба ҳисоб меояд.

Завқизода гуфт, бахши даромади буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2000 камтар аз 300 миллион сомонӣ буд, ки дар соли 2019 ба 23. 5 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт.

Аҳолии Тоҷикистон дар соли 2000 ум ҳудуди 5 миллион нафар буд, ки акнун ба 9 миллиону 300 ҳазор нафар расидааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, омори 26 дар садии фақирон дар Тоҷикистон омори сохта ва бардуруғ аст. Зиёда аз 50 дар сади аҳолии кишвар ранҷи фақирӣ мекашанд. Зиёда аз 60 дар сади сокинони қобили меҳнат ба хотири дар кишвар ёфта натавонистани қути лоямути худ, ру ба муҳоҷират овардаанд.

Давоми 9 моҳи соли равон аз вилояти Суғд  содироти меваи хушк, пиёз, нахи пахта, калобаи пахтагин, сурмаву маҳсулоти сурмайӣ аз он афзуда, аммо содироти орд, семент, маҳсулоти филизӣ коҳиш ёфтааст. Дар баробари ин воридоти воситаҳои нақлиёт, орд, шакар ва маҳсулот аз он  бештар гардидааст.

Тибқи  маълумоти ба расонаҳо додаи мақомоти Суғд, дар 9 моҳи соли равон гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1186,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,3 фоиз ё ба андозаи 283,2 млн. доллар камтар аст.

Дар маҷмӯъ давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи  239  млн. долларро мол содирот шудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 18,4 фоиз  кам мебошад.  Кам шудани содирот асосан аз ҳисоби орд – 81,3 фоиз, семент – 17,5 фоиз,  маҳсулоти филизӣ – 18,2 фоиз ба амал омадааст.

Азия Плюс менависад, дар робита ба коҳиши содирот дар ҳукумати вилояти Суғд гуфтанд, коронавирус, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст ба фаъолияти бисёре аз корхонаҳо албатта таъсири манфии  худро гузошт. Аз ин лиҳоз гардиши савдои хориҷӣ, воридоту  содироти бархе аз молу маҳсулот  дар маҷмӯъ коҳиш ёфт.

Тибқи иттилои Вазорати саноат дар ҷумҳурӣ наздики 2,3  корхонаҳои саноатӣ мавҷуд мебошанд, ки аз ин шумора наздики  700-тоашон дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *