Ман Комилов Ҷаннатуллоҳ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Авфи Байналмилал, Созмони Дидбони ҳуқуқи башар, Кумитаи Норвегиягии Хелсинки, Хонаи Озод ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар ва рӯзномнигорону ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш менамоям нисбати шиканҷа, таъқиб, озор ва фишорҳои равонию ҷисмонӣ дар нисбати хонаводаи ман бетараф набуда, чораҷӯӣ намоянд.
Мақомоти мухталифи Тоҷикистон аз ҷумла кормандони Кумитаи Двлатии Амнияти Миллӣ ҳам аз ноҳияи Дағара, шаҳри Кулоб ва шаҳри Душанбе ва низ кормандони Вазорати дохилӣ муддати як хафта пайдарпай аз таърихи дуюми июли соли 2020 то ҳаштуми июл хешутабори маро ба идораҳои мазкур бурда, таҳти фишору тахкир ва тахдид қарор дода, талаб менамоянд, ки писаронашонро оварда ба дасти мақомот супоранд.
Ман ба шумо муроҷиат намуда талаб ва хоҳиш менамоям, агар ҳанӯз дар дунё чизе ба номи ҳуқуқи башар ва озодии инсон вуҷуд дорад, ба доди хонаводаи мо бирасед. Ва мақомоти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти фишор қарор диҳед то даст аз зулму таҷовуз ба ин хонаводаи мазлум бардоранд.
Ин шакли мухтасари муроҷиатномаи фаъоли сиёсӣ Ҷаннатуллоҳи Комил буда, тарзи пуррааш дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ фаровон нашр шудаст.
Аҳли хонадони Ҷаннатуллоҳи Комил аслан ба сиёсат коре надоранду ба зиндаги оддӣ машгуланд. Зимнан чуноне ки қаблан дар чандин матлабу хабарҳо огоҳ ҳастем, режими Тоҷикистон афроди хонаводаи ӯро шурӯъ аз соли 1992 таҳти фишорҳои шадиди равонӣ ва ҷисмӣ қарор дода истодаанд, аз ҷумла падару ду бародар, ки якеш 3 сол умр дошт ва чанд наздикони дигарашро дар пеши чашмони дигар аҳли хонавода ба таври ваҳшиёна куштанд. Хонаҳояшро ғорат карданду оташ заданд, дороияшро ғасб намуданд. Соли 2015 худи Ҷаннатуллоҳ ба хотири фаъолиятҳои сиёсӣ таҳти фишори мақомоти Тоҷикистон қарор гирифта, ночор аз кишвар хориҷ шуд ва ба хотири амнияти ҷони худ ва ҳамсару фарзандон аз кишвари Олмон дархости паноҳандагӣ кард. Модари ӯ ҳам соли 2017 таҳти фишорҳои равонӣ аз олам гузашт. Ҷиянаш Муҳаммадшариф ҳам таҳди фишори мақомот дар боздоштгоҳ қарор дорад. Як бародараш Комилов Фатҳуллоҳ соли 2002 ба 25 соли зиндон маҳкум карда шуд.
Ӯ зодаи Данғара аст. Бо ин ҷуғрофиё ва донишу заковате, ки дорад, метавонист ба мансабу мақомҳои баланде дар кишвар бирасад. Вале ӯ ҷои интихоби мақому мансаб, муборизаро интихоб кардааст. Ва шояд азиятдидатарин нафар дар кишвар бошад. 26 сол аст, ки таъқибу шиканҷа алайҳи хонаводааш қатъ нашудааст.
Моҳи августи соли 2018 Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҷабалӣ Комилов, зодаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара ва бародари 57- солаи Ҷаннатуллоҳи Комилро ба 10 соли зиндон маҳкум карда буд. Раҷабалӣ Комилов моҳи июн дар Душанбе дастгир шуд ва беш аз як моҳ дар боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб қарор дошт.
Раҷабалӣ Комилов ҳарчанд замоне узв ва ҳатто масъули ҲНИТ буд, 16 сол қабл тарки сиёсат кардаву аз кишвар рафта буд. Вале ҳарчанд худаш хомӯш буд, бародараш Ҷаннатуллоҳ садо баланд мекард. Ва чун Ҷаннатуллоҳ дар дастрасии мақомот қарор надорад, акааш Раҷабалӣ мақкум ба ҷазо барои “гуноҳ”-и (албатта гуноҳ дар нохунак ) Ҷаннатуллоҳи Комил шуд.
Вале ӯ ҷои интихоби мақому мансаб, муборизаро интихоб кардааст. Ва шояд азиятдидатарин нафар дар кишвар бошад. 26 сол аст, ки таъқибу шиканҷа алайҳи хонаводааш қатъ нашудааст.
Ҷаннатуллоҳ мегӯяд ҳаргиз даст аз мубориза бо намрӯдону фиръавнони аср нахоҳад бардошт ва онро аз вазоифи имонии худ медонад.
Чаннатуллохи Комил соли 1981 дар чамоати Себистони нохияи Дангара ба дунё омад. Оиладор сохиби 4 нафар фарзанд мебошад. Феьлан дар кишвари Олмон хамчун панохандаи сиёсӣ зиндаги мекунад.
Дар сини 6 солагӣ ба омузиши таьлимоти исломӣ огоз намуда аввалин устодонаш бародаронаш буданд.
Соли 1992 вакте, ки чанги шахрвандии Точикистон огоз шуд, Ҷаннатуллоҳ 10 сол дошт ва он солхо дар охири соли 1992 ва аввали соли 93 беш аз 22 нафар аз наздиконаш бо дасти силохбадастони фронти халки ба шаходат расидаанд аз чумла , падар, ду бародар, ки якеаш 3 сола, хохари 5 солаам ва дигар писарони амаку наздиконаш дар байни он шахидон буданд.
Соли 1993 дар Узбекистон ва огози соли 1994 дар Догистон чанд порраи Курьон ва илми сарфу нахвро аз худ карда, сипас нимаи соли 1984 хамрох бо дигар мухочирин ба кишвари Покистон сафар кардааст.
Дар ончо аввал дар Мадрасаи расмии бо номи Дори Ҳиро ба муддати 5 сол таьлимоти ибтидоиро касб карда ва соли 1998 ба инсиьитути Имрм Абухантфа шомил шуда, онро соли 2000 ум бо бахои аьло дар тахассуси улуми шарьӣ ба хатм расонид. Сипас бо кумак ва сипендияи асосгузори институти мазкур ба донишгохи исломии байналхалкии Исломбод дар факултаи усули дин бахши мукоринатул адён ( диншиносӣ) дохил шуд ва ба муддати дувуним сол инчо тахсил намуд.
Авохири соли 2002 ба кишвар баргашт ва аз сабаби он ки бародаронаш зери фишор, кисме зиндонӣ ва кисме мухочир буданд, дигар барои тахсил ба Покистон рафта натонист.
Бо машаккати зиёд соли 2004 ба донишгох миллии точиксттон дар факултаи таьрих бахши МУНОСИБАТХОИ БАЙНАЛХАЛКИ шомил шуда муддати 5 сол хонда онро соли 2008 ба хотима расонид.
Бо оне, ки дар донишгох мехонд, ба даьвати чавонон низ дар Дангара ва Душанбе хело фаол буд. Бо кумаки дигар бародарон масчидхои дехаи худро обод намуду ба таьлими чавонон хело кӯшиш мекард.
Соли 2006 расман ба хнит шомил шуда, фаолияташ танхо дар себистон буд.
Соли 2009 бо дархости Скйидумар Хусайн ба идораи хнит омад ва аввалин фаолияти расмияшро дар хнит хамчун ёвари муовини аввали раиси хизб анчом додааст.
Сипас аз соли 2010 то 2012 ба ҳайси муовини раиси шуьбаи фарханги ҲНИТ адои масьулият намудааст.
Соли 2012 то 2015 дар шуьбаи Академияи ҳизб сипас шуьбаи илм ва кор бо Уламо адои масьулият дошт.
Соли 2015 дар интихоботи парлумонӣ аз тарафи бахши ҲНИТ дар нохияи Дангара хамчун номзад ба парлумон ё масоили намояндагони кишвар пешбинӣ шуда буд.
Бо ин амал фишорхо болояш Хело афзуд ва бо он хама пешниходу фишорхо вакте ки аз номзадӣ даст накашид, аз чониби прокуратураи Дангара алайхаш деллои чиноятӣ боз карданд ва хамин сабаб шуд ки кишварро мохи марти соли 2015 тарк намуд.
Феьлан раиси дафтари хизб дар Олмон мебошад.
Ҳайъати кормандони радиои Паём дар фаъолияти минбаъдаи Ҷаннатуллоҳи Комил бурдборӣ ва таҳаммули комил дар гирудори зиндагиии пурталотумаш таманно мекунанд.
Соима Саидӣ