Бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19, гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои бахшида ба Соли нави мелодиро Тоҷикистон манъ кард.
Дар ин бора ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19, рӯзи 18-уми ноябр хабар дода эълон кард, ки «гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шавад.»
Ин ситод далели чунин тасмимашро ба хуруҷи мавҷи дувуми бемории COVID-19, шиддати гирифтани бӯҳрони иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ дар шуморе аз кишварҳо рабт додааст.
Бар пояи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, сайру гашти мардум дар боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои умумӣ танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, пушидани ҳатмии ниқоб ва риояи фосилаи иҷтимоӣ иҷоза дода мешавад.
Ситод мақомотро муваззаф кардааст, ки зиддиуфунӣ кардани ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.
Солҳои қабл дар Тоҷикистон Соли нав пуршукуҳ таҷлил мешуд ва дар маркази Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо арчаи солинавӣ мегузоштанд. Ҳарчанд баҳсҳое ҳам атрофи таҷлили ин ид дар ҷомеаи Тоҷикистон гоҳ-гоҳ пайдо мешаванд.