Светлана Тихановская, рақиби Александр Лукашенко дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки шоми гузашта аз ғайб заданаш гузориш шуда буд, дар Литва қарор дорад. Дар ин бора вазири хориҷаи Литва Линас Линкявичюс дар саҳифаи Твиттериаш хабар додааст.
Гуфтанист, шоми 10 август ситоди Тихановская хабар дод, ки ӯ ғайб задааст. Сипас ӯ ба алоқа баромада, аммо ҷои будубошаш хабар дода намешуд.
“Баъди дидан карданаш аз КМИ Тихановская хабар дод, ки тасмимашро гирифтааст ва рафт” — гуфтааст сухангӯи вай Анна Красулина. Сухан дар бораи кадом тасмим меравад маълум нест.
Тибқи иттилоъи КМИ Беларус, Тихановская дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳудуди 10% овоз гирифтааст. Аммо тарафдоронаш аз пирӯзии ин зан хабар медиҳанд.
Ҳамчунин омори участкаҳои овоздиҳӣ дар бархе аз нуктаҳои Минск ва кишварҳои гуногун нишон медиҳанл, ки Тихановская аз 73 то 90 дарсади овозҳои интихобкунандагонро соҳиб шудааст.