Максим Иванов, вакили Думаи давлатии Русия, намояндаи вилояти Свердловск дар парлумон аз ҳизби ҳокими «Единая Россия” рӯзи 28 март дар ҷаласаи кумитаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва динии Дума пешниҳод кард, ки тамоми муҳоҷирони кориро ба гардондани дастбанд(браслет)-и чипдор маҷбур кунанд.
Максим Иванов
Ба қавли Максим Иванов дар ин чип бояд тамоми маълумот дар бораи кай ба Русия омадани муҳоҷир, аз ҷониби кӣ даъват шудану дар куҷо кор карданаш ва ҳамчунин маълумоти дигар, аз ҷумла дар бораи чӣ маризиҳо доштани муҳоҷир дарҷ шавад.
Максим Иванов изҳор доштааст, ки ҳадафи вай «тамға” задани муҳоҷирон нест, балки осон кардани ҳаракати онҳо дар қаламрави Русия аст, чунки ба муҳоҷирони корӣ баъди бастани дастбанди чипдор дигар бо худ гардондани санадҳои қоғазии сершумор зарур намешавад.
Ин пешниҳоди вакили парлумони рус дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъӣ сару садоҳое ба бор овард. Сомонаи иттилоотӣ — таҳлилии Паём дар ин бора андешаи соҳибназаронро пурсид, ки дар зер пешкаши хонандагон мегардад:
Иззат Амон
Иззат Амон, сиёсатшинос: Медонед қазия чист? Гап сари он аст, ки ҳоло дар Русия мавзӯи муҳоҷирони корӣ як мавзӯи мубрами рӯз гашта аст. Ҳар кӣ хоҳад омада, санге ба сӯи муҳоҷирон мепартояду аз ҳамин тариқ мехоҳад холҳои сиёсӣ ба даст оварда, машҳур гардад. Масалан ҳамон депутат Иванов аз вилояти Екатеринбургро касе дар борааш чизе намедонист. Ҳоло у «қаҳрамон» гашт. Тамоми расонаҳо музахрафи ин депутатро чоп карда, уро сархати расонаҳои худ қарор доданд.
Албатта ҳеҷ гуна дастбанд ва ё чипе ба касе нахоҳанд баст ва ин амалҳо хилофи қавонини умумибашарӣ ва низ худи Русия аст, ки ҷузъе аз ҳамон қавонин аст. Худо меҳрабон аст, бубинем чӣ мешавад.
Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов, таҳлилгари масоили иҷтимоъӣ: Сафсатагӯ бисёр аст! Аз ҷумла дар Думаи давлатии Русия низ ҳастанд нафароне, ки ба хотири худро расонаӣ кардан аз чунин пешниҳодҳои аблаҳона истифода мекунанд.
Аммо, дактилоскопӣ кардани муҳоҷирони корӣ ин худ «тавқ» задан аст. Пас, дастбанд кардан як кори беҳуда ва масрафталаб аст. Ҳоло вазъи буҷаи давлатӣ бе чунин масрафҳои аҳмақона низ мушкилӣ дорад…
Дагир Хасавов
Дагир Хасавов, вакили дифоъ: Одаме, ки инро пешниҳод кардааст, фикр мекунам солим нест. Ӯ бояд барои чунин ташаббус ба додгоҳ кашида шавад, ё дар муассисаи махсуси тиббӣ муоина гардад. Ман дар 8 километрии Гудермес девонахонаи хуберо медонам ва онҷо метавонанд ба ӯ кумак кунанд. Сардухтур шиноси ман аст, метавонам дар қабулаш кӯмак кунам. Агар ҷиддитар гӯем, худи вакилон ба чипбандӣ ниёз доранд, чун маълум нест замоне, ки дар ҷаласаҳои Дума ширкат надоранд, дар куҷо мегарданд ва мо намедонем дар кадом кишварҳо онҳо истироҳат мекунанд ва ғайра. Ана барои онҳо ин пешниҳод воқеъан ҷорикарданист, чун вакилони мардум ҳастанд, вале мардум намедонад онҳо ба ҷои мушкили мардумро ҳал кардан ба чӣ корҳое машғуланд. Оқибати ин муносибати беэҳтиромонаи масъулини давлатӣ ба муҳоҷирони корӣ он хоҳад буд, ки бидуни онҳо шаҳрҳо ғарқи ифлосӣ ва саҳни ҳавлиҳо ба ахлотҷой табдил мешаванд.
Амруллоҳи Низом
Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор: Ин пешниҳод дар ҳадди худаш хеле асафбор аст, агар чӣ то кунун борҳо шунида будем, ки дар Русия баъзе аз муҳоҷиронро ғулом кардаанд, ё ғулом барин кор мефармоянд, ҳоло мебинем, ки асли ин ҳама ғуломдориҳо аз сатҳи болотаре дар ин кишвар маншаъ мегирифтаанд…
Аммо вақте мебинем, ки бар иловаи ин ҳама чунин пешниҳоде дар сатҳи болотаре ва он ҳам аз ҷониби як вакили Русия дар парлумонаш садо медиҳад, ин маънои онро дорад, ки Кремлин ҳанӯз ҳам мисли сад соли пеш фикр мекунад ва мехоҳад бо мардуми муҳоҷир ба таври умум ва бо мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ бахусус, ки аксари муҳоҷирони корӣ дар Русияро ташкил медиҳанд, ба мисли хоҷаву ғулом рафтор кунад ва расман эълон кунад, кишварҳои пасошуравӣ ҳамоно ҷузъи мустамликаҳои Русия ҳастанд ва мардумоне, ки аз ин кишварҳо дар Русия кор мекунанд, бояд мисли ғулом ҳамеша таҳти назорат бошанд. Русҳо бо ҷонибдорӣ аз диктотурҳои сохтаашон дар кишварҳои пасошӯравӣ ҳамоно воқеиятҳои рӯзро дар ин давлатҳо мисли даврони ғуломдорӣ мехоҳанд ва худро хоҷаву дигаронро ғуломони худ медонанд, ки ин хеле хатарнок аст.
Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров, роҳбари созмони ҷамъиятии «ЭТМОС»: Ин як ахмақист, ки мантиқ надорад. Ин иқдом солҳои чилуми асри гузашта ва ҳукумати фашистии Олмонро ба хотир меорад, ки яҳудиёнро маҷбур мекарданд, ситораи зардро аз пешу қафои либосашон барчасп кунанд.
Солҳои пеш ҳам пешниҳоди часпондани чип зери пусти одамон бо баҳонаҳои мухталиф буд ва хушбахтона ақли солим ғалаба кард. Аслан ин аз нигоҳи солими ҷомеъа умуман як нонсенс мебошад, вале мо бояд як чизро фаромӯш накунем, ки инҷо Русия ҳасту тамоми чизро интизор будан мумкин аст, агар гап боз сари амнияти давлат равад, ҳатман ба чунин иқдом даст мезананд.
Ба ҳар ҳол боварӣ дорем, ки ин дафъа низ ақли солим болои ин даъвои миллатгароёна, маҳалгароёна ва нажодпарастона ғалаба мекунад.
Файзинисо Воҳидова
Файзинисо Воҳидова, таҳлилгари масоили ҳуқуқӣ: Пешниҳоди ин вакили Думаи давлатӣ нисбати муҳоҷирон як таҳқир ва ҳамоқат мебошад. Бо ин пешниҳод вакил мехоҳад нишон диҳад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ғулом буда, алалхусус ба муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Миёна ёдрас карданӣ аст, ки гузаштагони мо замоне давраи ғуломдориро аз сар гузаронидаанд. Гузашта аз ин, Русия гуё як кишвари абарқудрате мебошад, ки сиёсати иҷтимоии бисёре аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравиро таъмин карда истодааст. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, вале муҳоҷире ки барои як қути лоямут розӣ аст, тамоми корҳои вазнину сиёҳро дар ФР иҷро кунад, чаро бояд дохили бозиҳои сиёсӣ гардад? Модоме, ки ҳамин корҳоро худи мардуми рус намекунанду нисфи умри худро бо майнушӣ сарф мекунанд. Мутмаинам, ки худи вакили Думаи давлатӣ ҳам шояд яке аз ҳамон майзадаҳо бошад.
Аслан, мо бештар аз роҳбарону мақомотҳои зидахли худамон хафа шавем, зеро масъулини мақомоти муҳоҷират натавонист муҳоҷирони худро ҳимоят бикунад, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо қонунҳои либералӣ қабул карда шуда, зимни имзои созишномахои дуҷониба барои бештар муҳайё кардани шароити корӣ, буду боши онҳо ва додани бештари афзалият ба муҳоҷирони худӣ истодагарӣ кунанд.
Русия дар сиёсати муҳоҷират яке аз кишварҳои бадтарини дунё мебошад. Қонунҳои муътадил надорад. Ҳар вақте хоҳад ба манфиати худ қонунҳои нонавишта қабул намуда, муҳоҷиронро ҳамчун фишангҳои сиёсӣ истифода мебаранд. Бечораи муҳоҷирон то дараҷае сабур мебошанд, ки ба ин ҳама зулму ситами ҳукумати Русия тоқат мекунанд. Худи ҳамин таклифи вакили Думаи давлатӣ бонги изтироб аст, ки ҳукуматдорони мо бояд сари ташкили ҷойҳои корӣ ва таъмин намудани шаҳрвандони худ бо ҷойҳои корӣ ва маоши арзанда, ки барои рӯзгузаронӣ басандагӣ кунад, сарфаи буҷаи давлат андеша намоянд. Барои ҳар як иду ҷашн миллионҳо ба ҳаво мераванд, ба ин харҷҳои бемаънӣ ва бе мантиқ хотима дода шуда, дар дохили ватан корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ба роҳ монда шаванд. Экспорти ашёи хом манъ карда шуда, бояд худамон коркард намоем.