Categories Хабарҳо

Баҳонаи “Барқи Тоҷик боз иваз шуд. Акнун: об дар нерӯгоҳ кам аст

Шурӯъ аз 22 ноябр дар бештари манотиқӣ кишвар интиқоли барқ коҳиш ёфта, акнун шабона ҳам қатъ мешавад.

Барқрасонӣ дар кишвар якмон набуда, дар баъзе манотиқ он 10-11 соат ва дар манотиқи дигар ҳамагӣ 5-6 соатро ташкил медиҳад.

Қаблан «Барқӣ Тоҷик» лимити барқро бо таъмири нерӯгоҳи Норак ва хатҳои интиқоли барқ ба хотири омодагӣ ба зимистон меномид. Ҳоло баҳонаи ин ширктаи монополистии барқрасон иваз шудааст.

Тибқи иттилоъи  Азия Плюсдар минтақаи Кӯлоб “аз соати 8-и субҳ то 17-и шом интиқоли барқ қатъ мешуд. Аз 22 ноябр шабона ҳам барқ хомӯш мешавад. Акнун аҳолӣ аз соати 5 то 7-и субҳ ва аз 18 то 22-и шаб бо барқ таъмин мешавад”.

Дар Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Шабакаҳои барқи Кӯлоб” ба хабаргузорӣ  маълумот додаанд, ки қатъи интиқоли барқ дар минтақаи Кӯлоб ба камшавии захираи об дар обанбори Норак вобаста аст.

Гуфта шудааст, ки “сатҳи об дар обанбори Норак нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 метр поинтар аст. Бо фарорасии сардиҳо мардум ҳам ба зиёдтар истифода кардани барқ шурӯъ намуданд. Масалан, дар моҳи октябри ҳамин сол сокинони минтақаи Кӯлоб 10 млн кВ/соат зиёдтар дар муқоиса бо соли пешин барқ истифода карданд”.

Зимнан зикр шуда, ки дар дигар минтақаҳои кишвар низ чунин вазъ ба мушоҳида мерасад, лекин баъди як ҳафта ё аз ҳама дертараш пас аз 10 рӯз вазъият ба эътидол омада, аҳолӣ дар ҳаҷми пурра бо барқ таъмин хоҳад шуд.

Аввали моҳи октябр шикояти сокинони минтақаҳои деҳот аз тез-тез ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ қатъ шудани интиқоли барқ оғоз гардид. Дар “Барқи тоҷик” қатъи интиқоли барқро ба баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар неругоҳҳо, хатаҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо нисбат дода, ҷорисозии реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит)-ро рад мекарданд ва ваъда медоданд, ки “бо анҷоми ин корҳо, интиқоли барқ дар ҳаҷмҳои зарурӣ барқарор мешавад”.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *