Рубрики Хабарҳо

Асъор ва иқтисод 24.11.2020

Нархи арз

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 24 ноябр эълон кардааст

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 14 сомониву 80 дирам нишон дода шудааст.

Қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13 сомониву 45 дирам  то 13 сомониву 70 дирам арзёбӣ шудааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11 сомониву 30  дирам то 11 сомониву 50 дирам  арзёбӣ кардааст. 

Нархи тилло

Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи  имрӯз  миёни бонкҳои Лондон  1879 доллару 73 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.

Нархи нафти хом

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 46 доллару 63 сент муъомила шуд.

Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 43 доллару 69 сент муомила шуд. 

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд бар ин назаранд, ки узвияти имконпазири Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои иқтисоди ҷумҳурӣ самараи мусбат хоҳад дошт.

Дар гузориши Бонки авруосиёии рушд  таҳти унвони “Самараҳои иқтисодии узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ”, ки рӯзи 23 ноябр нашр шуд қайд мешавад, ки инҳо “Афзалиятҳои асосии Тоҷикистон аз узвияти имконпазир ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз рӯйи се самт сурат мегиранд: истифодаи афзалиятҳои бозори умумии кор, истифодаи бештар пурсамари имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузории ҷумҳурӣ” мебошанд.

Тибқи ҳисобу китоби муаллифони гузориш, афзоиши суръати солонаи иқтисоди Тоҷикистон аз узвият ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  то 3 банди фоизиро ташкил дода метавонад.

Онҳо қайд мекунанд, ки сатҳи баланди ҳамгироии тиҷоратӣ бо давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё яке аз заминаҳои асосии узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳод мебошад.

Дар гузориш омадааст, “Соли 2019 индекси савдои мутақобила бо Тоҷикистон 39%-ро ташкил дод, ки аз нишондиҳандаи бисёре аз аъзои амалкунандаи Иттиҳод зиёдтар аст”.

Яке аз афзалиятҳои муҳимтарин дар узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳодро муаллифони гузориш иштироки Тоҷикистонро дар бозори ягонаи кор мебинанд.

Гуфта мешавад, намунаи барҷастаи самаранокии бозори ягонаи авруосиёии кор Қирғизистон мебошад, ки аз узвияташ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз соли 2015 то ин дам ба афзоиши шумори муҳоҷирони меҳнатӣ ва зиёдшавии ҳаҷми интиқоли пул муваффақ гардид.

Онҳо пешгӯйӣ мекунанд, ки дар сурати ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳод, натанҳо афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағ, балки болоравии музди меҳнати муҳоҷиронро низ ба ҳисоби миёна ба андозаи аз 10 то 30 дар сад метавон интизорӣ дошт.

Гуфта шудааст, ки “Ҳамаи ин тағйирот дар муддати 5 сол пас аз узвият ба Иттиҳод интиқоли иловагии пулро ба кишвар дар ҳаҷми то 1,5 млрд доллар таъмин карда метавонад”.

Ба ақидаи коршиносон узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  дар дурнамои миёнамуҳлат ба осоншавии қоидаҳои пешбурди тиҷорат ва фароҳам омадани шароити мусоид дар ҷумҳурӣ барои ҷалби сармоягузориҳои мустақим мусоидат мекунанд.

“Барқи тоҷик” интиқоли барқро ба кишварҳои ҳамсоя дар моҳи октябр низ идома дод ва ин ҳам дар ҳоли маҳдудияти интиқоли барқ ба истеъмолгарон дар дохили кишвар.

Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, моҳи октябр аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи ҳудуди 2 млн доллар неруи барқ содирот шудааст, ки 1,6 млн доллар камтар нисбат ба моҳи октябри соли 2019 мебошад.

Дар бораи ба кадом кишварҳо ва дар кадом ҳаҷм содирот шудани неруи барқ дар моҳи гузашта маълумот дода намешавад.

Бозорҳои асосии содироти барқи Тоҷикистон Афғонистону Ӯзбекистон маҳсуб ёфта, ба миқдори начандон зиёд барқ аз ҷумҳурӣ ба Қирғизистон низ интиқол дода мешавад.

Қаблан дар ширкат қайд карда буданд, ки дар робита ба норасоии об, имсол истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ кам шудааст.

Тибқи маълуомти “Барқи тоҷик”, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон зиёда аз 16,1 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1% камтар мебошад.

Маблағи бадастомада аз фурӯши барқ дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ 50,3 млн долларро ташкил додааст, ки 39 млн доллар камтар аз ҳамин давраи соли гузашта аст.

Тайи се соли ахир пас аз мавриди истифода қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” ва ду агрегати аввали неругоҳи Роғун, таъминот бо барқ дар ҷумҳурӣ ба таври назаррас беҳтар шуд.

Аммо моҳи сентябри соли ҷорӣ шикояти сокинони минтақаҳои деҳот аз тез-тез ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ қатъ шудани интиқоли барқ оғоз гардид.

Дар “Барқи тоҷик” қатъи интиқоли барқро ба баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар неругоҳҳо, хатаҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо нисбат дода, ҷорисозии реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит)-ро рад мекарданд ва ваъда медоданд, ки “бо анҷоми ин корҳо, интиқоли барқ дар ҳаҷмҳои зарурӣ барқарор мешавад”.

Лекин вазъи таъминот бо барқ минбаъд боз душвортар шуда, айни замон сокинони минтақаҳо ҳамагӣ якчанд соат дар як шабонарӯз барқ мегиранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *