Салом, Эмомалӣ Шарипович!
Як нақлат мекунам. Ба чени фаҳмиши худат. Соддаву авомфаҳм. Чун ҳозир агар мафҳумҳои сиёсиву ҳуқуқиеро чун “интихоботи шаффофу одилона”, “адолати иҷтимоӣ”, “ҳисоботдиҳандагии ҳукумат назди шаҳрвандон”, “ивазшавандагии ҳукумат”, “фароҳамоварии имконоти баробари рушд ба ҳама инсонҳо” ва дигар ибораҳои амсоли инро истифода кунам, зуд эътирозро сар мекунӣ, ки “эрониаш нагир”, яъне намефаҳмӣ ё, аниқтараш, фаҳмидан намехоҳӣ. Худатро ба галугӣ меандозӣ. Ин аз ҳама роҳи осони аз масъулият гурехтан аст. Боз туро ки медонад? Шояд камфаҳм ҳам бошӣ! Ана барои ҳамин, соддатар карда ва ба дараҷаи худат поин фаромадаву хоида, ба даҳонат меандозам.
Дар деҳаи кӯҳистони бобогиям дар ҳамсоягии мо холаи Ҷиғагул ва бобои Сафол зиндагӣ мекарданд, ки як зиндагии фақиронае доштанду ҳарду ҳам хондаву навишта наметавонистанд. Вале, рӯзашонро як илоҷ карда мегузаронданд. Бобои Сафол моли мардуми маҳалларо чаронда, рӯз мегузаронд. Холаи Ҷиғагул ҳамеша дар назди мардум барои ягон куртаи чити нав ё рӯймоли гардигул бо бобои Сафол ҷанҷол мекарду дар маҳалла беобрӯяш нигоҳ медошт. Ва чунин мепиндошт, ки худаш аз шавҳараш дида хеле бофаҳмтар аст. Ин ҷуфти камбағалро Худо дертар фарзанддорашон кард, фарзандмур шуда — фарзандмур шуда, дар охир соҳиби духтарчае гардиданд, ки Поргигул номаш монданд. Ҳамин хел одат буд дар кӯҳистон.
Вақте Поргӣ роҳраву гапзанак шуд, хаду ҳамсоя эҳсос карданд, ки ба болои беҳусниаш ин духтарак каме соддафеъл ҳам будааст. Барои ҳамин ҳангоме Поргӣ духтараки қадрас шуд, касе ба хостгориаш наомад. Вақте духтар ба 25-солагӣ расид, аз як деҳаи дури дур ба хонаи бобои Сафол марду зане хостгорӣ омаданд. Ва хостанд пеш аз фотиҳа аввал духтарро ба чашми худ бинанд. Ҳамсояҳои наздик дар ҳайрат монданд, ки чаро холаи Ҷиғагул саросема аз охири қишлоқ Шодигули девонаро пайдо намуда, қанд ваъда кардаву бо зориву тавалло оҷилан ба хонааш овард. Ва ӯро ҳамчун “дугонаи арӯс” дар бари Поргӣ пеши хостгорҳо баровард. Хостгорҳо албатта барои фотиҳаи Поргӣ зуд розӣ шуданд. Бахусус, ки Шодигулаки девонаи худо беақлона ин тарафу он тарафро нигоҳ карда, ҳатто тамизи биниашро пок карданро ҳам надошт. Ҳамин тавр холаи Ҷиғагул доногиашро истифода бурда, Поргигули ягонаашро ба савдо зад. Он тарафаш чи шуд намегӯям. Ин ғайбаташон не, сифаташон шавад, илоҳо! Зеро барои ин мактубам мисоли ҳамин ҳиллагарии холаи Ҷиғагул бо ҳама бесаводиаш лозим буду халос. Аз ин ба баъд мардуми деҳа холаи Ҷиғагулро “девонаи ба кори худ ҳушёр” сифат мекарданд.
Додарам Эмомалӣ, ту ҳам дар арафаи чанд интихоботи охират ҳамин усули холаи Ҷиғагулро истифода мекунӣ. Ва дар баробари рафтани синну солат, ҳамчунин пика ва кундзеҳнтар шуданат дар бари арӯс (яъне номзад ба президентӣ барои интихоби мардум) “дугонаҳо”-и нисбатан ноарзандатареро ба мисли Шодигули девонаи худо “интихоб” карда мегузорӣ. То ин ки дар нисбати онҳо худат ҷилва намоӣ ва мардуми сода аз ноилоҷӣ боз туро интихоб кунанд. Ва интихобкунандагон хаёл мекунанд, ки бурд карданд: “хайр, аз девонаҳо дида ин гарангак беҳтар аст!” — хулоса мекунанд ба худ. Вале ин мардуми бечора, ки ҳоло ҳатто тариқи корти кредитӣ аз банкомат пул гирифтанро ҳам наомӯхтаанд, бехабаранд, ки туи гарангак аллакай дар бонкҳои ҷаҳон миллиардҳо ҷамъ кардаӣ ва ҳар рӯз ҳар як фарзандат дар алоҳидагӣ бо роҳҳои электронӣ ба минтақаҳои оффшорӣ даҳҳо миллион доллар интиқол медиҳад. Ҳарчанд дар давоми 28 соли роҳбариат аз ҷиҳати сиёсӣ ҳеҷ рушд накардӣ ва абарқудратони аждаҳосифат дар дасташон чун бозича истифодаат мекунанд, вале ба кори худат ҳушёрӣ. Пули халқро дуздидаву дар хориҷа ба номи худат захира карданро хеле хуб омӯхтаӣ. Ба ҷои бо рақибони солим муборизаи солим бурдан, дар телевизионҳои давлатиат ба пои ин рақибони арзанда тӯҳмат мепечонӣ, ҳамроҳи Ятимов дар бораашон филмҳои беҳунаронаи сиёҳкунанда мебарорӣ, ҳабсашон мекунӣ ва, ҳеҷ набошад, ба командаи хапгирҳоят фармон медиҳӣ, ки дар кӯчаву паскӯча ба ин рақибони солим аз пушт ҳуҷум кардаву зада ба лоток телаашон диҳанд.
Дигар касе гумон ҳам намекунад, ки ин “ҳуҷумгарон”-и беодоб ки бошанд ва чаро ҳамеша пас аз “ҷазо додани рақибони сиёсии ту” боз ҳам худашон беҷазо мемонанд. Аҷибаш ин аст, ки органҳои танобкашат низ ҳамеша онҳоро “намеёбанд”. Нақши дастат дар ҳама ҷо маълум аст, холаи Ҷиғагул. Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад! Ту танҳо хаёл мекунӣ, ки ин мардумро фиреб карда истодаӣ. Ақли кӯтоҳат ба ҳамин қадар мерасад. Фикр намекунӣ, ки мардум фиребҳои бофтаи туро аз режжисёрҳову басаҳнагузорандаҳоят ҳам пештар дарк мекунанд. Ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дурӯғгӯ ва узви командаи нимҷиноятиат гардондаӣ, ки касе дигар ба онҳо бовар ҳам намекунад. Баръакс, мардум худро аз ин ҷинояткорони пагондор дур мегиранд. Раҳматилло Зоирови устоди ҳуқуқшиносон дар мусоҳибааш ба радиои “Озодӣ”, ки барои латукӯбаш аз тарафи шахсони ношинос ба мақомот шикоят бурданӣ нест, зеро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дигар бовар надорад. Ин инро баҳои арзанда ба сиёсати ҳуқуқии ту мегӯянд!
Ин хапгирҳоят пас аз ба итмом расонидани “кор”-ашон олими соҳибэҳтиромро беодобона аз қафояш “ба Ӯзбакистонат рав!” гуфта садо кардаанд. Гӯё Тоҷикистон танҳо аз они онҳо бошад! Мисли ту, ки рӯзи тӯи Рустамат дар хаёлат “сароянда” шуда калавон-калавон “Тоҷикистон аз манӣ!” гуфта гулӯ медарондӣ. Ҳарчанд Тоҷикистон моли хусусии Раҳмони Зард ҳам набуд ва аз ту ҳам нест. Ва аз ҳамаи тоҷикон аст. Боз киро аз Тоҷикистон “пеш” мекардаанд? Ҳамин тоҷики Сари Осиёро, ки умре шаҳрванди Тоҷикистон аст ва дар омода сохтани садҳо ҳуқуқшиноси кишвар саҳми бевосита дорад! Касе ку дар ин се даҳсолаи роҳбарии бетанаффусат ба ту нагуфтааст, ки “Қалуғӣ, роҳбари тоҷикон набош!”! Ин такаббурат аз куҷост? Чаро мардумро аз ҳам ҷудо мекунӣ? Ҳама мардуми Тоҷикистон соҳиби ин сарзаминанд! Аз ин рӯ, туву сагонат ҳеҷ ҳуқуқе надоред, ки мардуми соҳибватанро “бирав” бигӯед. Шояд рӯзи зӯромад ту аз ин ватан бигурезиву биравӣ, зеро ҳама пулу молатро дар хориҷа пинҳон дорӣ. Вале, бидон, ки бо ҳама дороият ва дар беҳтарин кишвари хориҷа бо тамоми шароити беҳтарини зист боз зори ҳамин ватан хоҳӣ гардид.
Бармегардем ба усули холаи Ҷиғагул, яъне интихоби “дуруст”-и дугонаҳои паҳлӯи арӯсшавандаи бозорногузар. Дар айни ҳол гап сари “номзадҳо”-е меравад, ки гӯё дар интихоботи президентии 11 октябри соли 2020 “даъвогар”-и курсии туянд. Ҳамон курсие, ки аз соли 1992 инҷониб думбаатро болояш сварка кардаӣ ва акнун аз ҷон ҳам бештар дӯсташ медорӣ ва омодаӣ барои аз даст надоданаш ҳатто хунрезӣ кунӣ. Сӯҳбати журналист Далер Имомалӣ бо “номзад” ба курсии президентӣ Мироҷ Абдуллоев аз ҳизби коммунисти Тоҷикистон бори дигар исбот кард, ки туву холаи Ҷиғагул дар мавриди хок пошидан ба чашми хостгор (яъне, халқи интихобкунанда) айнан як хел фикр мекардаед.
Аз як сӯҳбати тахминан 10-дақиқагии журналист бо ӯ маълум гардид, ки ин бечора-номзад на дар навиштани барномаи пешазинтихоботии худаш ширкат варзидаасту на номҳои рақибони сиёсиашро ба дурустӣ гуфта метавонад. Ва ҳар замон барои сафед кардани худ мегӯяд: “Инҳо рафиқони мананд, мо ҳар рӯз якҷоем!”. Чи гуна рафиқон? Гурӯҳи актёрҳои маҷбурӣ? Рафиқони ҳамтақдир? Шояд. Албатта ки номи туро дар хоби шабаш ҳам азёд медонад: Ҷаноби Олӣ! Умуман ба рақобат омода нест, пешравии технологияҳои навро намехоҳад ва дар газетаи дар ду моҳ як бор чопкардаи ҳизбаш ҳам туро “номзади арзанда” муаррифӣ кардааст, на худашро. Ва ҳар замон дар муқоиса бо кишварҳои пешрафта мегӯяд: “ин (Тоҷикистон) дунёи дигар аст!”. Бигӯ, Эмомалӣ Шарипович, ки ба чӣ гуна дунёе табдил додаӣ Тоҷикистонро дар ин муддати тӯлонии ҳукмрониат? Дунёе, ки туву хешонат барои худатон сохтаед? Ё ягон олами зеризаминиест, ки аз тамоми пешравии ҷаҳон дар канор мондааст? Ба фикрам ҳарду! Ягона чизе, ки Мироҷ Абдуллоев дуруст муайян намуд, он буд, ки сурати Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи аввали ҳар як шумораи газетаи моҳонаашон чоп мешавад ва боз ин ки Эмоалӣ Раҳмон давлатро мутобиқи ақидаҳои коммунистӣ пеш мебарад.
Дар мавриди рақибони интихоботиат боз бигӯям, ки касе аз мардум . Магар кай ва кадоме аз ин бечораҳо рӯирост иқрор шудааст, ки рақиби Эмомалӣ Раҳмон аст? Яъне махсусан ҳаминхелиҳояшро интихоб кардаӣ, чи хеле, ки холаи Ҷиғагул дар асри гузашта карду миёни мардум ҳамчун “девонаи ба кори худ ҳушёр” ном баровард. То ин ки худатро миёнашон ҳамчун як ситораи пурҷило ба намоиш гузорӣ ва мардум ноилоҷ хушат кунанд. Яъне, боз ба интихобот бо рақибони сохта . Вале бояд бигӯям, ки худи ту низ ин “номзад”-ҳоро ҷиддӣ намегирӣ, ҳамроҳашон дар баҳсҳои пешазинтихоботӣ ширкат кардан намехоҳӣ. Ва ҳатто мардумро ҳам писанд намекуниву инак дар панҷумин маъракаи пешазинтихоботиат бо мардум шахсан во намехӯрӣ. Фикри мардумро ба инобат намегирӣ. Зеро аз пеш медонӣ, ки ин ҷо дар амал рақобате вуҷуд надораду худат ва танҳо худат барандаи интихобот хоҳӣ гардид. Вале, як чизро ба инобат нагирифтаӣ, ки имрӯз дигар арӯсро барои ҷавонон падару модарони пирашон интихоб намекунанд ва хостгорҳо ҳам пои пиёда аз деҳаи дурдасти кӯҳистон ба деҳаҳои дигар келинкобӣ намефароянд, ки кафшашонро аз роҳгардӣ ғалбер карда бошанд. Ҳоло интернет гуфтанӣ гап ҳаст. Ва ҷавонон то арӯсро шахсан набинанду насанҷанд, хостгориаш намекунанд. Яъне нақши Поргигул дар миёнаҳои асри гузашта монд.
Интихобот барои ҳар давлати қонунмеҳвар як маъракаи муҳим аст ва диққати мардумро пурра ба худ ҷалб мекунад. Имрӯз ту қадри интихоботро дар Тоҷикистон ҳамчун як маъракаи сиёсии тақдирсоз комилан ба сифр баробар кардаӣ. Як ҷавон дар мусоҳибааш ба суоли журналист, ки мепурсад “Аз номзадҳо ба президентӣ киро мешиносӣ”, беибо ва дилпурона ҷавоб мегӯяд: “Ҷаноби Олӣ бо ду фарзандашонро!”. Хеле ҷавоби воқеӣ! Он чи ки мардум бо ду чашми сар мебинанд! Ҳатто дар 63-солагӣ шавҳаркунии Сурайёи Қосим аз маъракаи интихоботии ту дида, дар ҷомеа ҳангомаи бештаре эҷод кардааст. Зеро дар ин маъракаи зинда аққалан интригае вуҷуд дорад: касе дигареро интихоб кардаву аз ин никоҳ чизе бурд мекунад. На ин ки интихоботҳои қалбакии ту! Ана чи қадар натиҷа дорад истифодаи усули кайҳо кӯҳнашудаи холаи Ҷиғагул! Аз замона хеле қафо мондаӣ, бобои Эмомалӣ Шарипович! Туро мардум интихоб намекунанд. Ту худро, инак бори панҷум бо қувваи зӯрӣ ба сари мардуми тоҷик бор карда истодаӣ. Намедонам, чи хел забонат мегардаду аз худо нашармида боз мегӯӣ: “Ман президенти интихобкардаи шумоям?!”.
Бо камоли эҳтиром
Исломиддин Садиров, нафақахӯр, ветерани меҳнат