Раҳбари гурӯҳи Толибон бори дигар таъкид кард, ки ҳар гуна таомул бо ҷаҳонро “бар асос шариат” медонад ва гузинаи дигареро намепазирад.
Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон дар ҷараёни боздид аз фармондеҳии “Сипоҳи 205-и Ал-Бадр” дар Қандаҳор таъкид кард: “барои таомул бо ҷаҳон ба ҷуз шариати ислом ҳеҷ гузинаи дигареро намепазирем”.
Ба гузориши дафтари расонаии Вазорати дифоъи давлати муваққати Толибон, вай дар хитоб ба нерӯҳои ин гурӯҳ гуфт: “шумо худро омода кунед. Демокросиро лағв кунед ва аҳком шаръиро дар идорот иҷро кунед”.
Гуфтанист ба далели тасмимоти тунди мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон алайҳи таҳсил ва кори занону духтарон, ихтилофоти шадид дар раҳбарии Толибон ба миён омадааст.
Мулло Ҳайбатуллоҳ ва гурӯҳи наздиквш муттаҳам ба тасмимгирии радикалӣ ба танҳоӣ ва бидуни машварат бо дигарон ҳастанд ва ба ҳамин далел бисёре аз раҳбарони Толибон бо онҳо мувофиқ нестанд.
Ба далели тасмимоти ахири Мулло Ҳайбатуллоҳ, вокунишҳои шадиде алайҳи Толибон дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалӣ ба вуҷуд омада ва ин тасмимот маншаъи инзивои шадиди Толибон талаққӣ шудааст.
Пеш аз ин раҳбари Толибон дар паёме ба муносибати Иди саиди Қурбони гузашта, хостори таомул ва равобити дипломатик бо тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Амрико шуда буд.