Рубрики Хабарҳо

Мудири боғча аз довталаб ба Донишгоҳи тиббӣ қариб 50 000 ришва гирифтааст

Мудири як боғчаи кӯдакона дар шаҳри Бохтар ба қаллобӣ айбдор мешавад. Ӯ бо ваъдаи шомил намудани як довталаб ба Донишгоҳи тиббӣ аз наздикони ӯ наздик ба 50 000 сомонӣ ришва гирифтааст.  

Нисбат ба  Сафарова Латофат Саъдиевна бо моддаи 247 (қаллобӣ), қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди итмоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардид. Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо фасод хабар медиҳад.

Сафарова, ки ба ҳайси мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар кор мекарда, бо истифода аз мақоми хизматиаш аз  шаҳрванд Раҷабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то инҷониб дар се ҳолат маблағи умумии 49 300 сомониро гирифта, ба манфиати худ истифода бурдааст ва барои кӯмак ба довталаби донишгоғ коре анҷом надодааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *