11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

ИБНИ ҲАЙСАМ

Асосгузори воқеии илми оптикӣ Ибни Ҳайсам аст. Китоби «Мабҳаси нур»-и ӯ чандин аср китоби асосии дарсӣ ва амалии уламои Шарқу Ғарб буд. Тамоми таҷрибаҳои Рочер Бекон роҷеъ ба ин мавзуъ дар асоси нишондоди Ибни Ҳайсам сурат гирифтааст. 

Зиёда аз ҳазор сол қабл марде мусалмон аз миллати араб доири фунуни нуҷум, риёзиёт, ҳандаса, фалсафа, оптика ва физика зиёда аз сад асари илмӣ навишта буд. Шояд нафароне аз шумо бобати Ибни Ҳайсам шунидаед, хондаед ва маълумот доред, аммо хелеҳо, хусусан дар мамолики ғарб аз номи ин бузургвор ва хизмати шоистааш дар ҷодаи илм хабар надоранд. 

Номи пурраи ӯ Абӯ Алӣ ал-Ҳасан ибн ал Ҳасан ибн ал-Ҳайсам буда, дар кишварҳои Аврупо бо номи Алхазен шӯҳрат дошт. Алхазен (Alhazen) тарзи лотинишудаи исм бо номи ал-Ҳасани олим мувофиқ шакл гирифтааст. Дар шарқ бо номи Ибни Ҳайсам шинохта шудааст.
Таърихи ба дунё омадани ӯ ба 1-уми июли соли 965-и мелодӣ мувофиқ меояд, ки дар шаҳри Басраи кишвари Ироқ таваллуд шудааст. Санаи 6-уми марти соли 1040 бошад, дар шаҳри Қоҳираи кишвари Миср оламро тарк гуфтааст.
Дар он давроне, ки Аврупо ҳанӯз дар вартаи торикии фарҳангу тамаддуни илмӣ қарор дошт, олами ислом бузургтарин олимонро дар давраи тиллоии нуфузи илм мепарвард. 

Асари машҳури ӯ бо номи Китоб ал-Маназир, (таҷдиди оптика) ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар асрҳои миёна дар тамоми Аврупо паҳн карда шудааст. Ин асар ба бисёр мутафаккирони бузург, аз ҷумла Роҷер Бэкон таъсири амиқе гузоштааст, ки хулосаи худро дар бораи кашфиёту таҷдиду назарҳои Ал Ҳайсам навиштааст.
Дар ин асар, Ибни Хайсам иштибоҳоти  назари Птолемей ва Евклидро дар бораи қобилияти чашм, ки то он замон бартарӣ дошту дуруст ҳисобида мешуд, исбот мекунад. Тибқи ин фарзия, олимон бар он бовар буданд, ки чашм тавассути нуре, ки аз худ меафканд, сурати ҳар шай, яъне ҳадафро мебинад.
Бо вуҷуди ин, Ибни Ҳайсам аввалин нафаре буд, ки ин фарзияро рад кард ва далели илмӣ пеш овард, ки биниши чашм аз инъикоси сурати ашё, ки ба шабакаи чашм мефитад,  вобастагӣ дорад. Ба гуфтаи Ибни Ҳайсам, чашм аз худ нур намеафканад, балки нуреро, ки бар рӯйи ашё мефитад, бозтоб медиҳад ва онро ба мағзи сар интиқол медиҳад, ки мағз дар навбати худ онро таҳлил мекунад. Бино бар ин Ибни Ҳайсам аз нахустин олимоне буд, ки иртиботи миёни мағзу асаби биноиро кашф кардааст. 

Тадқиқоти илмии Ибни Ҳайсам дар мавриди тавоноии чашм инқилоби бузургеро дар илм эҷод кард ва бунлоди бинои эҷоди дурбину дастгоҳи аксбардориро ниҳод. Ҳатто назарҳое ҳам мавҷуданд, ки дастгоҳи наворбардорӣ, яъне камераро ҳам,  таҳти назару таҳлилҳои ӯ ихтироъ кардаанд. Калимаи «камера» низ аз калимаи арабии (قمر) — қамара, гирифта шуда, маънояш хонаи торик аст. Дар ин бора хеле муфассал дар рӯзномаи Independent-и Бритониёи Кабир ҳам навишта буданд. Ибни Ҳайсам аввалин муҳаққиқи мусалмон аст, ки дар озмоишҳои худ аз дурбин «камера обскура»  истифода кардааст. 

Вай дар “Китоби оптика”-аш бар асоси озмоишҳои илмии худ собит кард, ки партавҳо ба сурати хатти росту мустақим ҳаракат мекунанд. Ҳамчунин аз нахустин касоне аст, ки дар мавриди ҳодисаи  шикастани нур, яъне рефраксия таҷриба гузаронидааст. Аввалин ҷонибдори ин мафҳум буд, ки бояд фарзияҳо бо истифодаи тартиботи санҷидашуда ё таҷрибаҳо дар асоси далелҳои математикӣ исбот карда шаванд. 

Ба туфайли қобилиятҳои барҷастаи худ, Ибни Ҳайсам дар Вазорати  вулусволии худ вазир таъин шуда буд, аммо муҳаббат ба  илм  ӯро водор кард, ки ин мақомро тарк кунад ва танҳо бо улум машғул шавад. Вақте ки овозае ба халифаи Ҳакими Миср расид, ки Ибни Ҳайсам лоиҳаи танзими обҳои Нилро тавассути сохтани сарбанди поёнтар аз Асуан таҳия кардааст, ӯ олимро ба Миср даъват кард. Аммо, дар шароити ҷои амал дар Миср, Ибни Ҳайсам дарк карду итминон дошт, ки бо он василаи техникии  замона  иҷрои ин лоиҳа ғайриимкон аст. Посухи Ал Ҳайсамро шунида халифа дар ғазаб шуду олимро ба ҳабси хонагӣ маҳкум  ва молу мулкашро низ мусодира кард.  Барои наҷот ёфтанаш аз ин ҳолат,  Ибни Ҳайсам маҷбур шуд, ки худро то дами марги Ал-Ҳаким девона нишон диҳад. Чун озодӣ  ба даст овард,  то дами маргаш дар Қоҳира бо  эҳтироми баланд зиндагии фаровон дошт. 

Дар варақаи рӯйихати пизишконе, ки аз ҷониби  Ибни Абу Усайбия оварда шудааст,  доири  92 асарҳои илмии Ибни Ҳайсам зикр гардида, ки  89-тои он ба математика, астрономия, оптика ва механика бахшида шудаанд. Ибни Ҳайсам дар таҳқиқоти илмии худ озмоишҳои муҳкамеро  бо далелҳои дақиқи математикӣ омехта  карда аст. Аксар вақт ӯро «падари оптика» ҳам  меномиданд. 

Ба ифтихори донишманд номи кратере дар рӯйи Моҳ ба номи Ибни Ҳайсам гузошта шудааст. 

Соима Саидӣ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *