Тавре Кумитаи омори Узбекистон хабар додааст, дар даҳ моҳи соли равон ба хориҷа 13 310 мошин ба маблағи 127миллиону 200 ҳазор доллар содирот шуд. Содироти автомобили сабукрав 50 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,8 дарсад зиёд аст.
Харидорони асосии мошинҳо Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ба шумор мераванд. Зимни ин, моҳҳои январ – октябр ба Ӯзбекистон аз хориҷа 22 228 автомобили сабукрав ба маблағи 392миллиону 800 ҳазор доллар бо афзоиши 34,7 дар сад, инчунин, қисмҳои эҳтиётӣ ба миқдори 767миллиону300 ҳазор доллар бо афзоиши 5,3 дар сад ворид шуд.