Шабакаи NHK World Japan хабар дод, ки ба шаҳрвандони Ҷопон барои харидории электромобил ҳукуматаш пул медиҳад.
Дар хабар омадааст, ки тибқи нақшаи ҳукуматдорони Ҷопон ба шаҳрвандон барои соҳиби электромобил шудан, ду маротиба зиёдтар маблағ дода мешавад.
Айни замон ёрии молиявии Ҳукумат ба ҷопонҳо 400 ҳазор иен, муодили қариб 3,8 ҳазор доллар мебошад.
Аммо, аллакай, соли оянда онро ду баробар, то 7,6 ҳазор доллар ҳукумати Ҷопон боло бурданист. Барои заряди аккумулятор бояд намудҳои барқароршавандаи неру истифода шавад, масалан, манзил ё идора, ки бо панелҳои офтобӣ муҷаҳҳаз буда, барқ истеҳсол мекунанд. Зимнан, арзиши намудҳои барқароршавандаи неру ба неруҳои анъанавӣ баробар аст ё 20-30 дарсад гаронтар.
Соли гузашта дар ин кишвар наздики 20 ҳазор электромобил фурӯхта шуд.