Рубрики Хабарҳо

Сокини Хуҷанд «Маркази хайру эҳсон»таъсис додааст

Бо мақсади дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иқдоми сокини маҳаллаи “Ваҳдат” Нуъмон Ҳасанов “Маркази хайру эҳсон” ташкил шудааст, ки бо ҷамъоварии либосҳои кӯдакон, наврасон, мардон, занон, пойафзол ва асбобу анҷоми рӯзгор ва тақсимоти он ба ниёзмандон машғул аст.

Тавре, ки Нуъмон Ҳасанов ба расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ додааст, дар моҳи октябр аз 252 нафар хайрияҳо дар шакли либосҳо гирифта, ба 450 нафар эҳтиёҷмандон супорида шуданд. Аз аввали сол ба “Маркази хайру эҳсон” 2982 нафар либосу маводҳои гуногун тақдим доштанд ва 5030 нафар аз меҳрубонии шаҳрвандони саховатманд баҳраманд шуда ба аъзоёни оилаҳои худ маводҳои даркориро гирифтанд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Намаки Ашт» аз моҳи ноябри соли 2019 сар карда, ҳамчун хайрия ҳар моҳ ба миқдори 100 килограмм намак ҷамъ то имрӯз 1400 килограмм намаки ошӣ дастрас намуд. “Маркази хайру эҳсон” ин намаки хайрияро ҳар рӯз ба 4-5 нафар як бастагӣ ҳадя мекунад.

Маркази мазкур 5 адад аробачаи маъюбиро аз қисмҳо васл ва коршоям намуда, ба ниёзмандон ройгон ба иҷора додааст. Ҳамзамон ба Марказҳои равонпизишкии вилоят, аз ҷумла беморхонаи ноҳияи Исфара, Истаравшан, Зафаробод ва шаҳри Хуҷанд ба миқдори 900 адад либосҳои мавсимӣ аз ҷониби ҷамъият дастрас карда шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *