Рубрики Хабарҳо

Зафаробод дар интизори Раҳмон ба худ печидааст

Аслан вақте дафтари матбуотии раисҷумҳур меависад, ки зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияе сокинони он ӯро “гарму самимӣ” ё “бо самимият ва муҳаббати беандоза” истиқбол истиқбол гирифтанд, чандон дурӯғ намегӯяд. Дурӯғ инҷо танҳо ибораи “сокинони ноҳия” аст. 

Раисҷумҳурро воқеъан гарму самимӣ пешвоз мегиранд, чун барои ҳамаи пешвозгирандагонаш сафари ӯ бизнес ва манбаъи даромад аст. Ба ҷуз ҳамон духтаракони атласпӯш, ки маҷбуран баровардаанд. Гурӯҳи бузурги пешвозгирандаҳо – ҳамон занони мардоне, ки кафкӯбӣ мекунанд, асосан ба ноҳия ҳеҷ бастагие надоранд. Ин артиши бузургро тими Раҳмон ҳамеша бо худ мегардонад ва дар ҳар сафар ӯро ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамон нону гӯшту равған, ки дар Масчоҳи Кӯҳи ҷамъ карданд, аслан барои ҳаминҳост. Ин ҷамъоварии гӯшту нон дар ҳама ноҳияҳо амалӣ мешавад. Онҳо на танҳо мехӯранд, балки бо худ мебаранд.

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, дар сафари қаблии Раҳмон ба Зафаробод, ин артиши кафкӯбон ҳатто кӯрпачаҳои рӯяшон нишастаашро бо худ бурда буд. Фардо ҳам раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин ноҳияи аз беобӣ сӯхта сафар дорад. Тайёрӣ ба сафари ӯ чӣ гуна буд ва раисҷумҳуру қайчиашро фардо чӣ интизор аст, дар гузориши манбаъи Паём аз ин ноҳия:

Ду моҳ аст талабаву муаллимон дар парку стадиони марказии ноҳия тармим мегузаронанд. Аз ҳисоби соҳибкорон дар боғи марказӣ нишони давлатӣ (герб) сохтанд. Сари ҳар коргар се нафар корманди ҳукумат қарор дорад. 

Ноҳия имсол ҳам мисли солҳои пештин мушкилоти зиёде дорад. Мушкили асосӣ – норасои об. Чун бо канал обёрӣ мешавад, аммо каналу насосҳои обкашӣ фарсудаанд. Имрӯз мардуми як ҷамоат ба Рахмонов мактуби кушанда навиштааст, ки дар сойти Ахбор чоп шуд. Аммо аҷоиботи кор дар он аст, ки аксари роҳбарони вилояту вазоратхонаҳо замоне роҳбари ин ноҳия буданд. Мардум ин ноҳияро ҳамчун “трамплин” барои карйераи ояндаи мансабдорон меноманд. 

Аз ҷумла Абдураҳмон Қодирӣ, ки раиси собиқи вилоят ва қудои Рахмонов аст, чанд сол роҳбари ин ноҳия буд. Ҳатто мегӯянд вақти қубурҳои обгузарии ноҳияро канда аз ноҳия берун интиқол медод, аз ҷониби мӯйсафедони ноҳия дастгир шуд ва ба дуздиаш роҳ дода нашуд.

Раиси имрӯзаи вилояти Хатлон низ замоне роҳбари ин ноҳия буд. Ба қавле, ҷамъ карду рафт. Имрӯза ҳоли ноҳияро роҳбарон хуб медонанд. Чун аксарро худ талаву тороҷ карданд. Мардуми ноилоҷ боз ба ҳамон роҳбарони пешини худ, ки имрӯз дар курсии болотар нишастааст муроҷиат мекунад.

Сафарҳои қаблии Раҳмонов дар ягон хоҷагии деҳқонии бою боқувват анҷом меёфт, аммо ба гуфти кормандони ин хоҷагиҳо баъди анҷоми меҳмондорӣ, ҳамроҳони Рахмонов то кӯрпачаи зерашонро бо худ мебурданд. Баъдан тафтишот аз вилояту пойтахт ба хоҷагӣ яке паси дигар баҳри кандани “доля”-и худ омадан мегирифтанд. Чун ин хоҷагиҳоро аз хоҷагии бой меҳисобиданд. То замоне мемакиданд, ки раисони хоҷагӣ дигар карздору муфлис мешуданд. Ин дафъа, то чанд рӯзи пеш, ягон хоҷагӣ мехмондориро ба дӯш нагирифта буд. Шояд якеашро маҷбур кардаанд. 

Ҳамаи хароҷоти пешвозгирии маҷбурӣ аз ҳисоби соҳибкорону деҳқонон аст. Имсол деҳқонон ҳолашон хароб. Об нест, пахта нест. 

Қайчӣ бояд ин дафъа лентаи як боғчаи бачгонаро бурад, ки аз ҷониби соҳибкор Шаҳло Кенҷаева сохта шудааст. 

Дар нақша ифтитоҳи як бинои дуошёна ҳаст, ки аз даври шӯравӣ боқӣ монда буду садамавӣ шуморида мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *