Пешнависи тарҳи қонун “Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2020” дар ҳоли анҷомёбист, иттилоъ медиҳад бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон.
Афзоиши ҳаҷми умумии Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилӣ (ММД), тибқи гуфтаи дастандаркорони пружа, 87,3 млрд сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли 2019 7,4% бештар мебошад. Афзоиши ҳаҷми ММД дар соли 2017 4,7% ва дар соли 2018 5%-ро ташкил дода буд.
Тарроҳони пружа ба ин назаранд, ки касри буҷа дар соли 2020 атрофи 350 млн сомонӣ хоҳад буд, ки 0,4% аз ҳаҷми умумии ММД аст.
Манбаъ хабар медиҳад, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ММД Тоҷикистон ба 31,3 ($3,32 млрд) млрд сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 7,5% афзоиш кардааст.
Рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12,5 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 10,8 фоиз, гардиши савдо 9,4 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 0,9 фоиз таъмин гардидааст.
Вале таҳлилгарон ба ин рақамҳо бо шубҳа нигоҳ мекунанд. Дар Тоҷикистон аз ҳади он бештар нишон додани рақамҳо дар омор кайҳо ба ҳукми анъана даромадаст.
Масъулин дар ҳоле аз рушди ММД ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ хабар медиҳанд, ки соли гузашта тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 8,2% рушд кардааст, вале ин рушд куллан ба воридот вобаста аст. Дар даҳ моҳи соли 2018 тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 3 млрд 491 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 8,2 дарсад бештар будааст. Вале болоравии нишондиҳанда аз ҳисоби бештар шудани ҳаҷми воридот аст, ки дар ин давра 2 миллиарду 588 миллион долларро ташкил додааст. Воридот нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 16,8% бештар шудааст.
Дар ҳамин ҳол содироти Тоҷикистон дар ҳоли коҳиш аст. Соли гузашта содирот 9,8% камтар шуда, ҳамагӣ 903,5 миллионро ташкил додааст, ки дар натиҷа таносуби содироту воридот наздик ба се баробар ба нафъи воридот будааст.