Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти байналмилалиро баррасӣ карданд
Ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти байналмилалӣ аз ҷониби муовинони вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Шоиста Саидмуродзода ва Даврон Деҳконов баррасӣ шуд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷонибҳо дар бораи кушодани хатсайрҳои иловагии байналмилалӣ, инчунин иловаҳо ба созишнома дар бораи соддагардонии нақлиёти автомобилӣ гуфтугӯ карданд.
Ғайр аз ин, дар гуфтушунид масъалаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотиро дар бахши нақлиёт муҳокима карданд.
Гуфтанист, санаи 1 октябр ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуда буд. Ҷонибҳо дар бораи содда кардани шароити интиқоли мол аз марзи гумрукӣ сӯҳбат карда буданд.