Рубрики Хабарҳо

Станикзай: занони афғон бояд ба сохторҳои давлатӣ ҷалб шаванд

Шер Муҳаммад-Аббос Станикзай, муовини вазири умури хориҷаи Афғонистон гуфт, занони афғон бояд ба сохторҳои давлатӣ шомил шаванд.

Станикзай, ки рӯзи 7 июл ҳини суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи колоҳои тавлиди Афғонистон гуфт, ки занон нисфи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва онҳоро «нодида гирифтан мумкин нест». «Онҳо бояд дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар иқтисодиёт, сиёсат ва бозсозии кишвар ҷалб карда шаванд».

Станикзай гуфт, «Мардон ва занон бояд дар бунёди кишвар нақш бозанд. На танҳо мардон бояд кор кунанд, мо дар муҳити корӣ ба занҳо ниёз дорем ”.

Муовини вазири корҳои хориҷии Толибон яке аз ҷонибдорони фаъоли раҳбарияти ҷунбиши радикалист, ки пайваста ба муносибати бештар либералӣ нисбат ба ҳуқуқи занон дар Афғонистон пойбанд аст. Дар ҳамин ҳол, аксари сарони Толибон бар ин боваранд, ки занон набояд дар ҳукумат нақше бозӣ кунанд.

Пас аз бозгашт ба қудрат Толибон аксари духтаронро аз таҳсил мамнӯъ карданд ва барои занон дар хидмати давлатӣ маҳдудият ҷорӣ карданд. Вазорати корхои занон бархам дода шуд. Ба ҷои ин, Толибон вазорати таблиғи фазилати исломӣ ва ҷилавгирӣ аз фасодро таъсис доданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *