Рубрики Хабарҳо

Чанд пешниҳод барои иду идгардак

Ман идгардакро бори аввал дар Аврупо дидам. Дар зодгоҳи ман ва шояд умуман дар вилояти Суғд ин анъана вуҷуд надорад. 

Соли гузашта дар Иди Қурбон як ҳамсояи тоҷикам занг зад, ки “биё хонаи фалонӣ равем, дастархон кардаасту мунтазири мост.” Гуфтам “маро даъват накардааст ва ман бе даъват намеравам”. Гуфт “дар ид даъват нест, ҳама бояд раванд”. Ҳарчӣ пофишорӣ кардам, ки бе даъват рафтан намехоҳам, ба ҳолам нагузошт. Мегуфт бояд биравам ва чун ҳаргиз идагрдакро надидаам бубинаму бо анъанаи қисме аз мардуми худ шинос шавам. 

Хулоса рафтему зиёфат хӯрдем. Чанд нафари дигар омаданд ва вақте бархостем, гуфтанд хонаи фалонӣ меравем ва маро ҳам бо худ бурданд. Ман сер шуда будам ва хӯрокро рад кардам. Соҳибхона гуфт бояд ақалан як даҳон бихӯрам. Ҳамсояам, ки роҳнамои ман дар идгардак буд гуфт “қоида ин аст, ки кам-кам мехӯрӣ, то дар ҳама ҷо хӯрда тавонӣ”. Баъди севум ё чаҳорум хона аз гашти минбаъда худдоӣ кардаму ба хона баргаштам.    

Имсол дар иди Рамазон зери фишори занак, ки мегуфт “айб аст, ки ҳама дастархон кунанду мо накунем” ва хиҷолати ин ки иди гузашта зиёфати чанд нафарро хӯрда будам, дастархон оростем. Баъд маълум шуд “хуб нест, ки дигарон ба хонаи ту биёянду ту наравӣ”. Маҷбур шудам 7-8 хонаро бигардам ва наздик  буд бикафам. Хеле анъанаи исрофкорона. Албатта баъзе чизҳои хуб, бахусус дар мусофиратро дорад. Барои мисол як фазои фараҳу шодӣ аст ва хеле аз ҳамватанонро мебиниву хумори ватан мешиканӣ. Аммо мешавад чизҳои хубашро аз бадаш ҷудо кард ва ба як иди воқеъии мантиқӣ табдил дод.   

Ин ид тасмим гирифтам бо хонавода сафар кунам ва аз ин анъанаи бемантиқу исрофкорона худро канор гираму маблағеро ҳам, ки барои оростани дастархон масраф мешавад ба ватан бифристам, то иде барои чанд камбизоат бошад. 

Аммо ростӣ натавонистам танҳо бо худамро канор гирифтан иктифо кунам ва тасмими гирифтам чанд пешниҳодро, ки ба зеҳнам омад, ироа кунам. Ҳарчанд барои иди фардо хеле дер шудааст ва хеле мутаассифам, ки дар ин бора барвақттар фикр накардам, аммо дар идҳои минбаъда, агар писанд афтоданд, шояд аз онҳо кор гирифта шавад. 

Аслан барои онҳое, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунанд оростани дастархон мушкиле надорад ва боястӣ чун як анъанаи нимамиллӣ (чун ними миллат ин анъанаро надорад) ҳифз шавад ва тоҷикон ҳадди ақал дар идҳо ба хонаҳои ҳамдигар бираванд. Аммо ба назари банда ҳатто бо дарназардошти ин бахшҳои масъала, мантиқ ба ин анъана барнамегардад. Ҷои ин мешавад идро хеле бузургтару боҳашаматтар кард, аммо бо масрафи чанд баробар камтар. Мисоли онро ман дар иди тоторҳои Укроин дидаам. Онҳо ҳар ид як порки калонро иҷора мегиранд ва онро ба се бахш тақсим мекунанд — бахши мардон, кӯдакон ва занон. Бахши кӯдакон, ки чанд намуди бозиҳо ташкил карда шудааст дар байн қарор дорад ва ҳам падару ҳам модарашон метавонанд мувозибашон бошанд. Ҷои 10-15 бор хӯрок хӯрдан мисли идгардаки тоҷикӣ, ду бор хӯрок мехӯранд ва боқии вақташонро бо фараҳу шодӣ ва бозиву мусобиқаҳои варзишӣ масраф мекунанд. 

Дар идгардаки тоҷикӣ аммо кӯдакон тақрибан иде надоранд, ҷуз ин ки дар хонаашон дастархони идона ороста шудааст. Ҳамчунин занон бояд ҷои ид кардан чанд рӯз ба пӯхтупаз ва баъдан тамизкунӣ машғул шаванд.  

Ин масъала ба онҳое ҳам, ки дар кишвар қарор доранд сидқ мекунад. Балки онҷо масъала печидатар ва дардноктар аст. Онҷо на танҳо нафароне, ки имкони дастархон оростанро доранд ин корро мекунанд, балки хеле нафарон қарз мекунанд то аз мардум қафо намонанду дастархони идона ороянд. Сипас чанд моҳ нимгурусна мегарданд, то қарзашонро пардохт кунанд. Ташкили идҳои дастаҷамъона дар маҳаллаву деҳаҳо метавонад хеле аз мушкилотро ҳал кунад. 

1. Маблағе, ки барои иди дастаҷамъӣ масраф мешавад, ҳади ақал 5 баробар камтар аз маблағест, ки барои оростани дастархон масраф мегардад. Дар умум ҳар ид садҳо миллион доллари(!) миллат барои ин кори бемантиқ масраф мешавад ва ташкили идҳои дастаҷамъӣ ҳамин садҳо миллионро барои миллат ва иҷтисоди миллӣ сарфа мекунад;

2. Имкони хайр кардан ба дороҳоро бештар карда, камбизоатонро аз мушкилоти равонӣ наҷот медиҳад. Яъне чанд дорои маҳалла ё деҳа, ки хайр кардан мехоҳанд, метавонанд масрафи идгоҳро ба дӯш гиранд ва дар муқобил камбизоатон аз қарз кардан барои дастархон ё азоби рӯҳии аз дигарон қафо мондан ва ғайра халос мешаванд. Ҳатто дар сурати ба дӯш нагирифтани дороҳо ҳам сарфи умумӣ ба маротиб камтар мешавад ва бахши бештари мардум имкони шарокатро пайдо мекунанд;

3. Ҳаҷму шукӯҳи ид бамаротиб бузургтар мешавад ва ҳамаи қишри мардум, бахусус кӯдакону занон, новобаста аз вазъи иҷтимоияшон метавонанд дар он ширкат карда, иди воқеъӣ ва фаромӯшнашаванда дошта бошанд; 

4. Хонаводаҳои мискине, ки ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо гӯшту мева ва ҳатто хӯроки гармро намебинанд, имкон пайдо мекунанд ақалан дар ид шикамсерӣ хӯрок хӯранд.

5. Онҳое, ки дар Аврупо ё хориҷ аз ватан қарор доранд, метавонанд бо маблағи сарфашуда садҳо хонаводаи камбизоат дар кишварро дастгирӣ кунанд;

6. Кӯдакони дар хориҷ аз ватан қарордошта имкони хуби шиносоӣ бо ҳамдигар ва анъанаҳои миллиро пайдо мекунанд;

7. Идҳои дастаҷамъӣ дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни мардумро чи дар кишвар ва чи дар хориҷ аз он бештар мекунад ва ғайра…

Аммо чанд пешниҳоде ҳам дорам, иҷрояшон дер нашудааст:

а) Онҳое, ки доро ҳастанду дастархон оростаниянд, беҳтараш онро байни камбизоатон тақсим кунанд;

б) Онҳое, ки доро нестанду бо охирин маблағашон ё пули қарз маҳсулоти рӯи дастархон харидаанд, беҳтар аст аз оростани дастархон худдорӣ кунанду он меваву сабзавот ва гӯшту равғанро чанд ҳафта ё моҳ бо фарзандони худашон нӯши ҷон кунанд. Чун беҳтарин хайр он аст, ки барои хонаводаат масраф кунӣ.  

Абдуманнон Шералиев

Манбаъ: саҳифаи фейсбукии муаллиф

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *